Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Тоҷикистон бар Шри Ланка


Тими миллии Тоҷикистон дар бозии дуввумаш дар марҳалаи ниҳоии Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё-2010 дар Шри-Ланка бар тими мизбон бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Голи аввали Тоҷикистонро дар ин бозӣ Иброҳим Рабимов ва ду голи дигарро Фатҳулло Фатҳуллоев заданд. Дар бозии дигар Мянмар бар Бангладеш бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Бад ин тартиб, Мянмар бо 6 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Бангладеш ва Тоҷикистон сеимтиёзӣ доранд. Тими Тоҷикистон рӯзи 20-уми феврал дар даври охири сабқати гурӯҳӣ бо Мянмар вориди рақобат хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG