Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори "Апрашка"-и Санкт-Петербургро мебанданд


Бо бастаи шудани бозори “Апрашка” дар Санкт-Петербурги Русия ҳудуди ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бекор хоҳад монд.

Баъди кашмакашҳои чандинсола мақомоти Санкт-Петербург, пойтахти шимолии Русия фаъолияти тоҷиронро дар яке аз калонтарин бозорҳои маҳаллии мавсум ба “Апрашка” шадидан маҳдуд карданд. Дар маҳалли ин бозори калон акнун бояд маркази азими тиҷоративу тафреҳӣ бунёд шавад. Басташавии ин бозор, ки гуфтугӯи атрофи он се соли пеш шурӯъ шуда буд, ҳамакнун беш аз даҳ ҳазор корманди он – тоҷирону ҳаммолонро бе ҷои кор мекунад. Дар миёни кормандони ин бозор шумори зиёдро тоҷирони чиноӣ ташкил медиҳанд, ки дар канори озариҳову қирғизҳо, ӯзбакҳову тоҷикҳо ба молфурӯшӣ машғул буданд. Таҳлилгарон қазияи басташавии ин бозорро бо Черкизовои Маскав муқоиса мекунанд, ки бо баҳонаҳои ба танзим даровардани кори он аз лиҳози ҳуқуқиву беҳдоштӣ аммо ҳадафҳои сиёсиро дунбол мекард.


Муҳиддинҷон Мӯъминов, раҳбари иттиҳодияҳои синфии муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург бо нигаронӣ аз басташавии ин бозор мегӯяд, ҳамакнун беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар “Апрашка” бо корҳои тиҷорату хизматрасонӣ машғул буданд, бекор мемонанд. Ҳоло, мегӯяд ӯ, маҳалли бозор бо деворҳои чӯбӣ муҳосира шуда, ба савдои тоҷирон таъсир кардааст. Дар ин маҳал савдои хиёбонӣ пурра бардошта шуда ҳоло фақат тиҷорати моликони хурди дохили бозор идома дорад. Дар сӯҳбат бо Озодӣ аз шаҳри Санкт-Петербург оқои Мӯъминов гуфт, “пеш аз бастани бозор гуфтанд, ки ба “Гражданка” меравед, ба тоҷирон дар он ҷо ҷой ҷудо мекунем. Лекин ҷое, ки онҳо дар “Гражданка” доданд, шояд 200 ё 300 касро ҷо кардан мумкин шаваду тамом. Ин ҷо гап дар бораи ҳазорҳо нафар меравад. Тақриди Черкизов дар ин ҷо сад дар сад такрор мешавад”.

Оқои Мӯъминов ба ваъдаи мақомоти шаҳрдории Санкт-Петербург ишора дорад, ки гуфтаанд, ба тоҷирон дар бозори дигари мавсум ба “Гражданка” шароити кору савдоро фароҳам овардаанд.
Бар тибқи охирин хабарҳо, мақомоти шаҳри Санкт-Петербург гуфтаанд, ки бояд то охирҳои моҳи март таҳқиқи таърихиву меъмории Апраксин двор, маҳалли ҷойгиршавии бозорро анҷом дода, баъдан тасмим мегиранд, ки оё ба сохтмони маркази нави тиҷоратию тафреҳӣ иҷоза дода мешавад ё на.

Тоҷирони бозор ҳам мегӯянд, ки барои харидори маҳалли бозор аз замини он дида бештар сохтмонҳои он муҳим аст. Апраксин двор дар маркази Санкт-Петербург ҷой гирифта як маҷмӯаи азими тиҷоратӣ маҳсуб мешавад, ки ҳанӯз дар қарни 18 дар қаламрави 14 ҳектор замин бунёд шудааст. Ин маҳал бо исми молики он граф Апраксин номгузорӣ шудааст. Сохтмонҳои таърихии дохили ин бозор арзиши ҳунариву меъмории баланд дошта, дар оғози солҳои 1990-ум мақомоти вақти ин шаҳр ба раҳбарии Анатолий Собчак тасмим мегиранд, ки ба Апраксин двор маъмуриятҳои пешинааш, яъне бозори густардаро баргардонанд.

Охири солҳои 1980-ум ин макони то андозае фаромӯшшуда ба маҳалли тиҷорати сиёҳи қочоқчиёни маводи мухаддиру қиморбозон ва ҷинояткорон табдил шуда буд. Вале баъд ин маҳал бо талошҳои маъмурияти шаҳр ба як бозори ободу серҷамъияте табдил шуд. Аксари тоҷирону сармоягузороне, ки моли худро ба фурӯш гузоштаанд, то соли 2012 қарордоди кор дар ин маҳалро доранд. Аз рӯи баъзе ҳисобҳо, дар як соат аз ин бозор даҳ ҳазор нафар дидан мекунад.

Бар тибқи иттилои расмӣ, ширкате, ки нияти бунёди маркази нави тиҷоратию тафреҳиро дар ин маҳал баён кардаст, “Главстрой” – як шохаи ширкати “Базовий элемент”-и марбут ба соҳибкори маъруф Олег Дерипаска мебошад.

Андрей Жуков, сардабири хабарҳои марбут ба Санкт-Петербурги нашрияи RBK daily дар сӯҳбат бо Озодӣ мегӯяд, ки мақомоти шаҳр дар мулоқот бо тоҷирону соҳибкорони нигарон аз ояндаи бозори “Апрашка” гуфтаанд, ки дар сурати сохта шудани маркази нав онҳо метавонанд саҳмияҳои онро ба даст оваранд. Ӯ мегӯяд, қазияи “Апрашка” бо вазъияти бозори Черкизови Маскав тафовут дорад, ки соли гузашта баста шуда, чун қазияи саркӯб ва тангкунии ҷои пои соҳибкори маъруф Телман Исмоилов аз ҷониби мақомоти баландтарини Русия арзёбӣ мешавад. Аз рӯи маълумоти дастрас, “Апрашка” соҳибмулки танҳову хоссае надорад ва гуфтани ин ки маъракаи басташавии он зидди шахсият ё гурӯҳи афроде нигаронида шудааст, дуруст нест. Иқтисодшинос Андрей Жуков афзуд: “Аз рӯи фаҳмиши ман, мақомот мехоҳанд, ки назоратро аз болои фаъолияти ин маҳал шадид кунанд. Яъне ба ҷои он ки бимонанд дар як бозор муомилаҳои ошкору гоҳо ниҳони гурӯҳҳои ҷиноӣ ва берун аз назорат ҷой дошта бошад, онҳо мехоҳанд бозорро ба дасти ҷониби мушаххас супурда баъдан фақат ӯро назорат кунанд. Аммо ин ҷо боз масъалаи дигар ҳам ҳаст, ки то оғози бӯҳрони иқтисодӣ иҷрои ингуна тарҳҳо кори дуруст буд, аммо ҳоло дар ин шароит баъид аст, ки сармоягузор битавонад ниятҳои худро амалӣ созад”.

Гуфта мешавад, ки барои бунёди як маркази азими нави тиҷораию тафреҳӣ ба “Главстрой” панҷ сол мӯҳлат лозим мешавад.

Вале тавре пурсишҳо нишон медиҳад, нияти ба як маркази тиҷоратию тафреҳӣ табдил додани Апраксин двори Санкт-Петербург на танҳо тоҷирон, балки аҳолии бумиро низ нороҳат кардааст. Татяна Волтская, хабарнигори радиои Озодӣ дар шаҳри Санкт-Петербург, ки худ яке аз муштариҳои ин бозор аст, дар ин замина мегӯяд: “Солҳои охир ин бозор хеле пешрафт кард ва тасмими ҳукумат барои сокинони шаҳр хеле нороҳаткунанда аст, ки мехоҳанд ин як ҷои ободу хубро дар ихтиёри соҳибкорони калон вогузор кунанд. Онҳо ният доранд, ки сохтмонҳои хеле зиёди таърихии дохили ин бозорро нобуд кунанд. Тарҳи сохтмони онҳо мушаххас нест, даврае буд, ки мегуфтанд болои ин бозорро шишакорӣ мекунанд, вале боз ҳам ин сӯҳбатҳо хомӯш шуд. Аммо нороҳатии мардум бештар аз он аст, ки “Апрашка” ва бозори хӯроквории Сенной дар канори он ки бо қиматҳои дастрасу хеле муносиб барои аксари сокинони маҳаллӣ моли худро ба фурӯш мегузоштанд, акнун баста мешаваду ҷои онро як маҳалли гарони тиҷоратӣ мегирад. Ин ҷо бошад, ҳам арзониву ҳам тозагӣ хуб рия мешавад”.

Аз нигоҳи таҳлилгарони иқтисодӣ дар Русия, агар ҳам қазияи “Апрашка” дар асл идомаи маъракаи назорату фишор болои тиҷорати калон бошад, он паёмадҳои хуб нахоҳад дошт. Иқтисодшиноси рус Наталя Копейченко дар сӯҳбат бо Озодӣ аз Маскав гуфт, ки ингуна ҳолатҳо мувозинати иҷтимоиву иқтисодии ҷомеаро ба ҳам зада боиси бештар дилсард шудани тоҷирону соҳибкорҳои маҳалливу хориҷӣ аз кор дар Русия мешавад.
XS
SM
MD
LG