Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев 18 мақоми аршади полисро барканор кард


Раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев, имрӯз маъракаи мубориза бо фасод дар полиси кишварашро шурӯъ кард. Вай аз ҷумла ду муовини вазири умури дохилӣ ва 16 афсари баландпояи ин вазоратро ҳамчун бахше аз ислоҳоти ришта аз вазифаҳояшон барканор кард. Ин тасмимҳо дар ҳоле гирифта мешаванд, ки шикояти мардум аз афзоиши куштор ва беэҳтиётиҳои марговари кормандони полис ва моҷароҳои пурсару садои марбут ба онҳо ба авҷ расидааст. Медведев ваъда дод, кормандонеро, ки хилофкорӣ мекунанд, шадидан муҷозот хоҳад кард. Вай дастур додааст, ки теъдоди кормандони дастгоҳи Вазорати умури дохилӣ аз 20 000 ба 10 000 нафар коҳиш дода шавад.
XS
SM
MD
LG