Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси шиносномаҳои аврупоӣ ва Исроил


Сардори полиси Дубай, Дафӣ Халфан ҳангоми намоиши акси 11 гумонбаршудаи куштор.
Сардори полиси Дубай, Дафӣ Халфан ҳангоми намоиши акси 11 гумонбаршудаи куштор.

Вазири умури хориҷии Бритониё, Дейвид Милибанд, мегӯяд, кишвараш дар таҳқиқи истифодаи шиносномаҳои британӣ дар рӯйдоди қатли фармондеҳи аршади Ҳамос аз Исроил "ҳамкории комил"-ро интизор аст.

Ин дар ҳолест, ки қатли фармондеҳи аршади ҷумбиши Ҳамос дар Дубай аз тарафи гумонбаршудагоне, ки шиносномаҳои аврупоӣ доштаанд, мояи шиддат дар муносибатҳои байни Исроил ва чанд кишвари Аврупо шудааст.

Вазорати умури хориҷии Бритониё ва Бахши равобити хориҷии Ирлонд сафирони Исроилро барои шарҳи воқеа даъват кардаанд. Дар ҳамин ҳол тахминҳои ин ки хадамоти махфии Исроил -- Моссад дар куштори фармондеҳи аршади Ҳамос Маҳмуд ал-Мабҳуҳ дар моҳи гузашта дар Дубай даст доштааст. Исроил мегӯяд, ҳеҷ гуна далеле, ки ин иттиҳомро исбот кунад, дар даст нест.

Шиддат дар муносибатҳои муносибатҳои байни Исроил ва чанд кишвари Аврупо замоне рӯ зад, ки полиси Дубай ном ва акси 11 гумонбаршудаи куштори фармондеҳи аршади Ҳамос Маҳмуд ал-Мабҳуҳро ба нашр расонд.

Шаш нафари онҳо шиносномаҳои бритониёӣ, се нафар ирлондӣ, ду нафар олмонӣ ва яке фаронсавӣ доштаанд. Ба камияш, номи 7 нафар бо номи афроди ҳақиқӣ мутобиқат мекунад, ки ҳамаи онҳо дар Исроил ба сар бурда, мегӯянд, ҳувияти онҳо дуздида шудааст.

Яке аз онҳо, ки ҳам шаҳрванди Исроил ва ҳам шаҳрванди Бритониёст, ҳама гуна даст доштанаш дар кушторро рад мекунад ва ба телевизиони Исроил мегӯяд, ҳоло аз ҷони худ тарс дорад: "Ман ба ваҳшат афтодам ва аз он ҷо ки намедонам, аслан чӣ шудааст, ҳоло ҳам дар ваҳшатам. Ман намедонам, чӣ хел онҳо ба ман дахл кардаанд. Намедонам, чӣ хел онҳо ҷузъиёти ҳолномаи маро ёфтаанд, кӣ ба онҳо додааст. Ман, ба фикрам, ду соли охир аз кишвар берун нарафтаам ва дар ҳаётам сафари дубай ҳам накардаам. Намедонам, ин кори кист. Ман метарсам. Аз нерӯҳои бузург."

Сарвазири Бритониё, Гордон Браун, ба таҳқиқи корбаст шудани шиносномаҳои бритониёӣ дар ин қазия дастур дод. Бунгоҳи таҳқиқи ҷиноятҳои сангин ва созмонёфта мегӯяд, акс ва имзо дар шиносномаҳое, ки дар Дубай истифода шудаанд, бо аксу имзо дар шиносномаҳои ҳақиқӣ фарқ мекунанд.

Вазири умури хориҷии Ирлонд, Майкл Мартин, мегӯяд, ҳарсе шиносномаи ирлондӣ шумораҳои ҳақиқӣ доранд, вале ба номи ашхоси дигар навишта шудаанд.

Баробари нашр шудани иттилои полиси Дубай, ангуштҳо ба сӯи хадамоти махфии Исроил нигаронида шуданд. Аммо вазири умури хориҷии Авигдор Либерман ба радиои Артиши Исроил гуфт, "Исроил ҳаргиз посух нахоҳад дод, ҳаргиз тасдиқ ё рад нахоҳад кард." Вай афзуд, "Ман намедонам, чаро бояд чунин тахмин зад, ки Исроил ё Моссад ин шиносномаҳоро истифода кардаанд."

Нашрияҳои арабзабон ба нақл аз сардори полиси Дубай, Даҳӣ Халфан мегӯянд, бо гумони даст доштан дар қатли Мабҳуҳ инчунин ду фаластинӣ аз Урдун истирдод шудаанд. Яке аз онҳо дар Навори Ғаззаи таҳти назорати Ҳамос афсар буда, баъд аз фош шудани равобиташ бо хадамоти ҷосусии Исроил аз ин ҷо фирор кардааст. Гуфта мешавад, ин мард бо аъзои гурӯҳи 11-нафара дар Дубай мулоқот кардааст.

Гумонбаршудагони қатл рӯзи 19-уми январ, замоне вориди Дубай шуданд, ки як рӯз пешаш Мабҳуҳ аз Димишқ ба ин ҷо сафар кард. Ҳамаи онҳо рӯзи 20-уми январ, дар ҳоле Дубайро тарк карданд, ки ҷасади Мабҳуҳ кашф гардид.

Ҷумбиши Ҳамос эълон кард, ки масъулияти қатли Мабҳуҳ дар дӯши Исроил аст ва барои ин талафаш интиқом хоҳад ситонд.

Дар ҳоле ки Бритониё ва Ирлонд сафирони Исроил дар Лондону Дублинро барои баррасии масъалаи шиносномаҳо даъват карданд, узви порлумони Бритониё аз Ҳизби Кор, Ҷеремӣ Корбин талаб кард, агар сафири Исроил дар Бритониё "тазмини муносиб" надиҳад, бояд аз кишвар ихроҷ гардад.

Хадамоти махфии Моссади Исроил дар гузашта ҳам ба "дуздии ҳувият" муттаҳам шудааст. Зеландияи Нав дар соли 2004, ба думболи кашфи қаллобӣ бо шиносномаҳо аз тарафи ду шаҳрванди Исроил, бар зидди ин кишвар таҳримҳои дипломатӣ эълон кард.

Аммо бори аввал аст, ки Моссад дар дуздии ҳувияти шаҳрвандони кишвари худ айбдор мешавад ва узви порлумонми ин кишвар, Йисраэл Ҳассон, собиқ фармондеҳи нерӯҳои дохилии амниятии Исроил ба баррасии масъала дар ҷаласаи кумитаҳои мудофиа ва равобити хориҷӣ даъват кард.
XS
SM
MD
LG