Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси Ереван ва Боку дар мавриди Қарабоғи Кӯҳӣ


Вазири умури хориҷии Арманистон мақомоти Озарбойҷонро дар сарпечӣ аз эътирофи асли худмуайянкунӣ дар робита ба низои Қарабоғи Кӯҳӣ айбдор кард. Эдуард Налбандян гуфт, Озарбойҷон мухолифи ин асли бунёдист ва бо чунин мавзеъгирӣ раванди ҳалли сиёсии қазияро ба шикаст мувоҷеҳ хоҳад кард. Ин суханони Налбандян посух ба изҳороти вазири умури хориҷии Озарбойҷон, Элмар Мамадёров шумурда мешаванд, ки гуфтааст, ҳама гуна мақоми ояндаи ҳуқуқии Қарабоғи Кӯҳӣ танҳо дар ҳайати Озарбойҷон қобили қабул аст.
XS
SM
MD
LG