Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои раиси бахши марбут ба тағйири иқлим дар СММ


Раҳбари бахши марбут ба тағйири иқлим дар Созмони Милали Муттаҳид, Иво де Боер пас аз ду моҳи ҳамоиши нокоми Копенҳаген, ки натавонист, иродаи муштараки кишварҳоро дар мубориза бо гармоиши ҷаҳонӣ таъмин кунад, ба истеъфо рафт. Вай аз соли 2006 раҳбари ин барнома буд, аммо мегӯяд, истеъфои ӯ ба нокомии нишасти Копенҳаген бастагӣ надорад. Боер дар ҳоле аз вазифааш канор меравад, ки пас аз панҷ моҳ ҳамоиши навбатии кишварҳо барои баррасии чораҳои зидди тағйири иқлим, ин бор дар Мексик баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG