Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зарнисор"-и Хоруғ-ро ба зӯр мекӯчонанд


Рӯзи 18-уми феврал ҳудуди 150 нафар тоҷири бозори марказии Хоруғ дар назди бинои шаҳрдорӣ эътироз карданд.

Эътирозгарон гуфтанд, ки онҳо ҳамчунин ба додситонии шаҳр оид ба нақзи ҳуқуқашон аз ҷониби кормандони умури дохила дар мавриди бо истифода зӯр кӯчондашон ба бозори нав шикоят бурданд. Ин иқдом ба яхандозӣ миёни байни кормандони дохила ва тоҷирон сабаб шудааст.

Раиси шаҳри Хоруғ Мулкамон Назаралиев бо эътирозгарон дар толори мақомоти шаҳрдорӣ мулоқот кард. Тоҷирон изҳор доштаанд, ки бинобар нигаронӣ аз муфлис шудан ва қарздорӣ дар назди бонкҳо барои ба бозори нав рафтан омода нестанд ва душвориҳои иҷтимоӣ онҳоро маьбур кардааст, ки дар гирду атрофи бинои бозор растаҳо сохта ба савдо машғул бошанд.

Эътирозгарон дар назди шаҳрдории Хоруғ
Маҳина Алимамадова, яке аз эътирозгарон мегӯяд, ки аз тарси қарздорӣ дар назди бонкҳо ва бо нигаронӣ аз афзоиши ҳодисаҳои ҳукми догоҳӣ дар мавриди ба фурӯш гузоштани манзилҳои истиқоматии тоҷирон ба бозори нав рафтан намехоҳанд.

Ба гуфтаи яке аз эътирозгарон Рустами Содиқиён, мақомот зиёда аз ҳашт моҳ боз дар мавриди навсозии бозори маркази сухан мегӯяд, аммо агар ваъдахилофии мақомот намебуд, алҳол савдогарони маводи ғизоӣ, ки дар гирду атрофи бозор ба тиҷорат машғул ҳастанд ва шаҳрдори онҳоро бо зурӣ рондан мехоҳад, метавонистанд, ки дар дохили бинои бозор ва бо шароити мусоидтар ҷой бигиранд .

Раиси шаҳр ба арзи эътирозгарон гӯш дод, аммо изҳор дошт, ки онҳо то ин муддат барои кӯчондани савдогарон ба бозори нав шаҳрдори аз наҳваи муросокорӣ истифода бурда, мехост савдогаронро мутаъқид созад, ки ба ҷойи нав кӯч бастан ба фоидаи онҳо аст. Аммо акнун ба гуфтаи раиси шаҳр ба хотири таъмини низоми бозор шаҳрдорӣ маҷбур шудааст, ки аз қувва истифода кунанд. Ба гуфтаи раиси шаҳр барояшон як моҳ вақт лозим аст, ки дар дар ин муддат бозори марказӣ навсозӣ ва савдогарони маводи ғизоӣ дар дохили бинои бозор ҷой дода шаванд.

Аммо бозоршинон гуфтанд, ки дар сурати истифода аз фишор ва зуровари онҳо даст ба гуруснанишинӣ мезананд.

Мухолифати бозорнишинон бозори марказӣ бо шаҳрдорӣ дар ҳоле идома дорад, ки тоҷирон тирамоҳи соли гузашта ба бозори нав кӯчондашуда - воқеъ дар канораи шаҳр , таҳдид мекунанд. ки дар сурати баста нашудани савдои молу коло дар бозори куҳна онҳо коршиканӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG