Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дуввумаш дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё-2010 дар Шри-Ланка бар тими мизбон бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.

Ин бозии гурӯҳи «А» 18-уми феврал дар варзишгоҳи «Сугатадаса»-и шаҳри Коломбо баргузор шуд. Мунтахаби Тоҷикистон, ки дар даври аввал аз дастаи Бангладеш бо ҳисоби 1:2 мағлуб гашта буд, пас аз пирӯзӣ дар даври дуввум бар тими Шри-Ланка се имтиёз ба даст овард ва муборизаро барои роҳ ёфтан ба даври ниманиҳоӣ идома медиҳад. Вале дастаи мизбон сарфи назар аз бозии охиринаш бо мунтахаби Бангладеш аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум шуд.

Голҳои Тоҷикистонро дар ин бозӣ Иброҳим Рабимов дар дақиқаи 13-ум аз ҷаримаи 11-метра ва ду бор Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаҳои 32-юм ва 92-юм заданд.

Дар бозии дигар Мянмар бар Бангладеш бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Бад ин тартиб, Мянмар бо 6 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Бангладеш ва Тоҷикистон се имтиёзӣ доранд. Шри-Ланка бидуни имтиёз дар ҷойи охир аст.

Футболбозони тоҷик дар даври охирини сабқати гурӯҳӣ 20-уми феврал бо дастаи Мянмар бозӣ хоҳанд кард.

Сабқати гурӯҳӣ 21-уми феврал ба анҷом мерасад ва бар асоси низомномаи мусобиқот аз ҳар гурӯҳ ду дастаӣ ба даври ниманиҳоӣ, ки 24-уми феврал баргузор мешавад, роҳ меёбанд. Барандаи Ҷоми даъвати AFC, ки дар бозии ниҳоӣ рӯзи 27-уми феврал муайян хоҳад шуд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 роҳхат мегирад. Вале дар мавриди пирӯзии тими Ҳиндустон – барандаи Ҷоми даъвати Осиё-2008, дастае, ки ҷои дуввумро касб мекунад, соҳиби роҳхат ба мусобиқоти навбатии қаҳрамонии футболи Осиё хоҳад шуд.

ТАҚВИМИ БОЗИҲО

Даври 1-ум
16-уми феврал (сешанбе)
1. ТОҶИКИСТОН – Бангладеш – 1-2
2. Мянмар - Шри-Ланка – 4-0
17-уми феврал (чоршанбе)
3. Ҳиндустон – Қирғизистон – 1-2
4. Кореяи Шимолӣ - Туркманистон – 1-1

Даври 2-юм
18-уми феврал (панҷшанбе)
5. Шри-Ланка – ТОҶИКИСТОН – 1-3
6. Бангладеш - Мянмар - 1-2
19-уми феврал (ҷумъа)
7. Қирғизистон – Кореяи Шимолӣ, «Сугатадаса», 15:30
8. Туркманистон - Ҳиндустон, «Сугатадаса», 18:30

Даври 3-юм
20-уми феврал (шанбе)
9. ТОҶИКИСТОН - Мянмар, варзишгоҳи CR & FC, 14:30
10. Шри-Ланка - Бангладеш, «Сугатадаса», 14:30
21-уми феврал (якшанбе)
11. Ҳиндустон – Кореяи Шимолӣ, «Сугатадаса», 14:30
12. Туркманистон - Қирғизистон, CR & FC, 14:30

Бозиҳои ниманиҳоӣ
24-уми феврал (чоршанбе)
13. Ҷои 1 А – ҷои 2 В, «Сугатадаса», 15:00
14. Ҷои 1 В – ҷои 2 А «Сугатадаса», 18:30

27-уми феврал (шанбе)
Бозӣ барои ҷои 3-юм
15. Мағлубшудаи бозии 13 – Мағлубшудаи бозии 14, «Сугатадаса», 15:00

Бозии ниҳоӣ
16. Ғолиби бозии 13 – Ғолиби бозии 14, «Сугатадаса», 18:30

Эзоҳ: замони баргузории бозиҳо бо вақти Душанбе.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG