Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама бо Далай Лама мулоқот хоҳад кард


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, қарор аст, имрӯз бо Далай Лама дар Кохи Сафед мулоқот кунад. Чин аз дидори Обама бо раҳбари рӯҳонии Тибет, ки Пекин ӯро як ҷудоиталаб мешуморад, шикоят кард. Мулоқот дар ҳоле ба амал меояд, ки муносибатҳои байни Иёлоти Муттаҳида ва Чин зимни эҳтимоли фурӯши силоҳи амрикоӣ ба Тайван, ки Чин онро қаламрави худ медонад, шиддати бештар касб кардаанд. Аз ҷониби худ, Вашингтон зимни гузоришҳое, ки Чинро ба ҷосусии интернетӣ айбдор мекунанд, низ нороҳат аст.
XS
SM
MD
LG