Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози Лондон ва Дублин ба сафирони Исроил


Қатли фармондеҳи аршади ҷумбиши Ҳамас дар Дубай аз тарафи гумонбаршудагоне, ки шиносномаи аврупоӣ доштаанд, мояи шиддат дар муносибатҳои байни Исроил ва чанд кишвари Аврупо шудааст. Баъд аз он ки Дубай номи 11 гумонбаршудаи куштори Маҳмуд ал-Мабҳуҳро дар моҳи гузашта нашр кард ва гуфт, онҳо шиносномаҳои аврупоӣ доштаанд, ангуштҳо ба сӯи хадамоти махфии Исроил нигаронида шуданд. Яке аз ин 11 нафар шиносномаи бритониёӣ, се нафар ирлондӣ, ду нафар олмонӣ ва яке фаронсавӣ доштаанд. Бритониё ва Ирлонд эълом доштанд, ки шиносномаҳо қаблакӣ мебошанд ва сафирони Исроил дар Лондону Дублинро барои баррасӣ даъват карданд. Фаронса ва Олмон низ ҳувияти ду гумонбаршудаи дигарро зенри шубҳа гузоштанд. Сардори полиси Дубай, Даҳӣ Халфан гуфтааст, вай 99 дарсад мутмаин аст, ки қатли Мабҳуд кори дасти хадамоти Моссади Исроил аст. Исроил гуфтааст, ҳеҷ далеле дар даст доштани Моссад дар ин куштор мавҷуд нест.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG