Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Стипендияи донишҷӯёни тоҷик ҳудуди 30 сомонӣ аст, вале нархи миёнаи аксари китобҳое, ки барои донишҷуён тавсия мешавад аз 30 ё 50 сомонӣ бештар аст.

Ӯ субҳи барвақт роҳи донишгоҳро пеш мегирад, баъд аз анҷоми дарсҳо гоҳо серу гоҳо нимгурусна дубора мешитобад ва ин бор ба кор, ба манзилҳое, ки дар таъмиру сохтмони онҳо ба устоҳои ботаҷриба кӯмак мерасонад.

Ин реҷаи рӯзи Фахриддин, як донишҷӯи тоҷик, аст. Фахриддин мегӯяд, барои дарёфти роҳкиро ва бароварда сохтани дигар ниёзҳои донишҷӯияаш дар пойтахт маҷбур аст соатҳои берун аз дарсӣ ё шабона кор кунад ва бо ин то ҳадде ба волидонаш, ки боз 2 донишҷӯи дигар доранд, кӯмак расонад.

“250-300 сомонӣ дар як моҳ даромад мекунам, албатта ин маблағи кофӣ нест, вале то андозае ба волидонам кӯмак аст. Ба дарс ҳам халал мерасонад, чун кори мо ба ихтисос аслан вобаста нест ва гоҳо ба дарс намерасем, аммо бе кор ҳам намешавад. Хоҳем нахоҳем бояд мо ба як коре машғул бошем.”

Бо афзун шудани сохтмонҳои мухталиф аз сӯи ширкатҳои хориҷӣ дар пойтахт ва то ҳадде боло рафтани қиммати таъмиру сохтмон, имрӯз
Фахриддин: "Корам ба дарсам халал мерасонад, чун кори мо ба ихтисос аслан вобаста нест ва гоҳо ба дарс намерасем, аммо бе кор ҳам намешавад."
аксар ҳамсабақону ҳамтоёни Фатҳуллои донишҷӯ мисли худи ӯ дар баробари таҳсил ба ин коре, ки дониши хосе талаб намекунад, машғул мешаванд.

Як назарпурсии хурди мо ҳам миёни донишҷӯёни коргари тоҷик муайян кард, ки аксари муҳассилин барои бароварда сохтани ниёзҳои худ ба кор дар сохтмонҳо, хизматрасониҳои маишӣ ва ё кор дар бозору ҳаммолӣ, борфарорӣ ва боркашӣ шуғл меварзанд. Собир ҳам, ки донишҷӯи соли охири донишгоҳи миллӣ аст, мегӯяд, волидонаш дар ноҳияи дурдасте ба сар мебаранд ва чандон имкони расонидани кӯмаки молӣ ба фарзанди донишомӯзашро надоранд. Ӯ мегӯяд, қариб тамоми ин 4 сол бо маблағи даромад аз майдафурӯшиаш хароҷоти таҳсилро бароварда, зиндагиашро дар шаҳр пеш мебарад.

“Дар зиндагӣ ҳозир ҷунбидан даркор аст. Дар баробари таҳсил мо бояд бо истифода аз соатҳои холиамон барои маблағ ба ягон коре машғул шавем. Бо кумаки дӯстонам дар бозор ба савдо машғул шудам. Кӯшиш мекунем ба дарс ҳам расем, аксаран баъд аз дарс рост ба бозор меоям”

Аммо баъд аз тиҷорати хурд ва майдафурӯшӣ, дар феҳрасти корҳои муваққатии донишҷӯён, бар пояи посухҳои онҳо ва мушоҳидаҳоямон,
Валиҷон: "Ин касб ба мо нон медиҳад ва имкон медиҳад, то ман илм омӯзам, масалан китобу ҷиҳози зарурии дарсиамро бихарам ва иҷорапулиро дар шаҳр бидиҳам."
метавон шуғли таксиронӣ, кор дар мусофиркашҳо, дар мағозаву нонвойхонаҳоро ҷой дод, ки иҷрои он чандон вазнин ва серталаб набуда, даромади ҳаррӯза доранд ва донишҷӯ озод метавонад фориғ аз дарс ба ин корҳо машғул шавад.

Зимнан, дар баробари ин навъҳои хизматрасонии маишӣ ҳамчунин дар аксар сартарошиҳои шаҳр ҷавононе фаъолият мекунанд, ки ғолибан донишҷӯянд. Зимни пурсиш бо чанд донишҷӯи сартарош ҳам вохӯрдем. Яке аз онҳо, ки Валиҷон аст, мегӯяд, бо ин шуғл на танҳо худ, балки ба хонаводаашон ҳам то андозае кӯмаки молӣ мерасонад.

“4 сол аст ба сартарош шуда кор мекунам. Чанд моҳи аввал шогирд истода, баъдан ба кор шурӯъ кардам. Дар як моҳ метавонад тахминан беш аз 100 доллар ба даст орам. Имрӯз ин касб ба мо нон медиҳад ва имкон медиҳад, то ман илм омӯзам, масалан китобу ҷиҳози зарурии дарсиамро бихарам ва иҷорапулиро дар шаҳр бидиҳам.”


Ба ин тартиб, навъи корҳои иловагӣ ё муваққатии донишҷӯён, хеле зиёд аст, ки аксаран чандон даромади зиёд надоранд, вале онҳо танҳо бо ин ки метавонанд ҳадди ақал хароҷоти роҳкирояшонро ба даст оранд, қаноат мекунанд. Фахриддин, мусоҳиби донишҷӯи мо, мегӯяд, муҳассилин одатан ба корҳое машғул мешаванд, ки даромади кам доранд ва дигарон онро ба ӯҳда намегиранд.

Зимнан, дар миёни мардикорони бозорҳои пойтахт ҳам, ки гурӯҳ-гурӯҳ дар интизори корфармо рӯзи худро шом мекунанд, донишҷӯён
Омӯзгор: "Донишҷӯ имрӯз агар ба коре машғул шавад, таҳсил карда наметавонад, агар таҳсил кунад зиндагиашро пеш бурда наметавонад."
мушоҳида мешаванд. Ба сафи мардикорон онҳо дар нимаи дувуми рӯз ё аксаран дар рӯзҳои истироҳатӣ мепайванданд.

Аммо донишҷӯдухтарон дар ин зимн назар ба писарон камфаъолтаранд. Зеро маъмулан духтарон аз хонаводаҳои камбизоату нодор таҳсилашонро дар донишгоҳ идома намедиҳанд. Вале ба ҳар сурат он шумори ками духтарони донишҷӯе, ки ба маблағ ниёз доранд баъд аз дарс ба шуғлҳое мисли доягӣ ё дӯзандагӣ, машғул мешаванд.

Раҷамоҳ Тоҳирова, омӯзгори факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллӣ, мегӯяд, бо ин ҳол ки аксар донишҷӯён вақти худро дар пайи дарёфти маблағу дар фикри ҷустҷуйи кор сипарӣ мекунанд, наметавон оянда аз онҳо муттахассисони кордону ҳирфаиро интизор шуд.

“Албатта ба кори муваққати ғайриихтисосашон машғул шудани донишҷӯён, ин як падидаи манфӣ аст, вале худи шумо фикр кунед кадом донишҷӯ намехоҳад, ки китобхона рафта, бо ишками сер, бо шароитҳои мусоид донишашро васеъ накунад? Донишҷӯ имрӯз агар ба коре машғул шавад, таҳсил карда наметавонад, агар таҳсил кунад зиндагиашро пеш бурда наметавонад.”

Хонум Тоҳирова бо таҷриба аз кишварҳои пешрафта мегӯяд, феълан бояд бо ташкили корҳои соҳавӣ, донишҷӯёнро аз рӯи тахассусашон бо фаъолият ҷалб кард, то онҳо тавонанд ҳам маблағе ба даст оваранд ва ҳам чун мутахассисони ҳирфаӣ фардо вориди бозори кор шаванд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG