Пайвандҳои дастрасӣ

Шиддати рақобати интихоботӣ дар Конибодом


Шокирҷон Ҳакимов ва Абдулаҳад Абдуваҳҳобов, ду номзад ба МН

Шокирҷон Ҳакимов ва Абдулаҳад Абдуваҳҳобов, ду номзад ба МН

Ҳавзаи инфиродии Конибодом, рақами 19 аз ҳавзаҳои пуррақобат дар интихоботи Маҷлиси намояндагон маҳсуб мешавад. Дар ин ҳавза 5 нафар барои курсии вакилӣ рақобат доранд.

Шокирҷон Ҳакимов – ҳуқуқшиноси маъруф аз ҷониби созмони маҳаллии Ҳизби сотсиал – демократии Тоҷикистон, Насрулло Маҳмудов – додситони шаҳри Кӯлоб, ғайриҳизбӣ, аз сӯи созмони маҳаллии Ҳизби халқии демократӣ ва Абдулаҳад Абдуваҳҳобов – беҳизб, аз созмони маҳаллии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пешбарӣ шудаанд. Ду довталаби дигар, Муродҷон Нуриддинов ва Музаффар Ҳомидов бо роҳи худпешбарӣ ба саҳнаи рақобат ворид гашта, аз сӯи Ҳизбҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва Аграрӣ дастгирӣ пайдо кардаанд.

Шокирҷон Ҳакимов ва Абдулаҳад Абдуваҳҳобов ҳозир шуданд дар як суҳбати чашм ба чашм вижагиҳои барномаҳои худро матраҳ кунанд.

Барои шунидани ин мунозира дар тарафи рости саҳифа нишонии карнайчаро нохун занед.
XS
SM
MD
LG