Пайвандҳои дастрасӣ

Камисюнии ҳавзаи интихоботии Ҳамадонӣ номзадии рӯзноманигор Ҷумъахон Темурзода ба вакили Маҷлиси Намояндагонро бекор кард.

Абдуҳалим Салимов, раиси Камисюни ҳавзаи интихоботии Ҳамадонӣ, ба Озодӣ гуфт, ин камисюн дар имзоҳои ҷамъовардаи номзади худпешбарӣ Ҷумъахон Темурзода иштибоҳотеро ошкор ва ба ин далел номзадии ӯро лағв кардааст. Ба гуфтаи ӯ, дар феҳрасти имзоҳои тарафдорони Ҷумъахон Темурзода шуморе аз имзоҳои пешниҳодшуда аз номи афроде оварда шудааст, ки феълан дар ҳаёт нестанд.

Ҷумъахон Темурзода аз болои ин қарор ба Камисюни марказии интихобот шикоят кардааст, вале санҷиши КМИР низ ҳамон иштибоҳотро ошкор кардааст.

Аз ҳавзаи Ҳамадонӣ ҳамакнун аз чаҳор номзад танҳо ду нафар боқӣ мондаанд. Бар иловаи Ҷумъахон Темурзода, як узви ҲХДТ бо номи Амин Муродов, ки худаш номзадияшро пешбарӣ карда будааст, барои супорида натавонистани гаравпулӣ номзадияшро бозпас гирифтааст.

Феълан, аз ин ҳавза Сафаралӣ Гулов аз ҲХДТ ва Қурбонхон Зираев аз ҲНИТ барои курсии порлумон мубориза мебаранд.
XS
SM
MD
LG