Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Вахш» муддаии Ҷоми раиси ҷумҳури Туркманистон


Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар мусобиқаи байнулмилалӣ барои дарёфти Ҷоми раиси ҷумҳури Туркманистон, ки аз 20-ум то 28-уми феврал дар варзишгоҳи «Олимпӣ»-и шаҳри Ишқобод баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Ҳашт даста аз 7 кишвар ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо «Ганҷасар»-и Арманистон, мунтахаби бошгоҳҳои футболи Туркия ва тими «Олтин асир»-и Ишқобод, барандаи Ҷоми Туркманистон, қувваозмоӣ хоҳад кард.

Ба гурӯҳи «В» дастаҳои «Абдиш – Ота»-и Қирғизистон, «Оқҷепес»-и Қазоқистон, «Экранас»-и Литва ва «Небитчӣ»-и Балканобод, барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Туркманистон, дохиланд.

Бар асоси низомномаи мусобиқот аз ҳар гурӯҳ ду дастаӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Ғолибони он ба бозии ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Дастаҳои мағлубшудаи даври ниманиҳоӣ барои ҷои севум мубориза мебаранд.

Маблағи ҷавоизи ин мусобиқот 35 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб Ҷоми раиси ҷумҳури Туркманистон ва 20 ҳазор доллар супурда мешавад. Дастае, ки мақоми дуввумро касб мекунад, бо 10 ҳазор доллар ва дастае, ки дар ҷои севум қарор мегирад, бо 5 ҳазор доллар мукофотонида хоҳанд шуд.

Ин мусобиқа барои бори 16-ум баргузор мешавад ва дар ин муддат бошгоҳҳои футболи 19 кишвари ҷаҳон дар Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон ширкат кардаанд. Соли гузашта дастаи МТТУ – Донишгоҳи байнулмилалии Туркманистону Туркия дар бозии ниҳоӣ бар тими «Сконто»-и Латвия пирӯз шуда буд.
XS
SM
MD
LG