Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шонздаҳ миллион баргаи раъй чоп шуд


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба тавзеъи баргаҳои райъ барои интихоботи парлумонии 28-уми феврал шурӯъ кардааст.

Мирзоалӣ Болтуев, раиси Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, муддати чанд рӯзи ахир дар чопхонаи «Шарқи Озод», мутааллиқ ба раёсати ҷумҳурӣ 16 миллион нусха баргаи раъй чоп шудааст.

Коғаз барои чопи баргаҳои райъ аз шаҳри Санкт – Петербурги Русия оварда шудааст. Ҳазинаи чопи баргаҳои раӣъ маблағи 1 миллион сомониро ташкил додааст.

Ба гуфтаи Болтуев, куллияи ин баргаҳои райъ ба манотиқи мухталифи Тоҷикистон то ду рӯзи мондан ба интихоботи парлумонӣ фиристода хоҳад шуд.

Бад ин тартиб, ҳар шахси интихобкунанда дар рӯзи интихобот панҷ баргаи раъй, яъне, баргаҳои раъйи аҳзоби сиёсӣ, номзадҳои ҳавзаҳои инфиродӣ, номзадҳои вилоятҳову шаҳрҳо, ноҳияҳо ва ҷамоату деҳотро дарёфт хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки дар интихоботи парлумонии 2005, 12 миллион нусха дар чаҳор намуд чоп шуда буд. Аммо, ба гуфтаи Мирзоалӣ Болтуев, дар интихоботи қарибулвуқӯъ барои аввалин бор пас аз соли 1992 интихоботи шаҳру деҳот ё ҷамоат дар Тоҷикистон гузаронда мешавад. Ба ин далел, намуди баргаҳои райъ дар интихоботи 28-уми феврал ба панҷ адад расонда шудааст.

Ҳамчунин, тафовути дигари баргаҳои райъи интихобти феълӣ аз интихоботи соли 2005 дар он аст, ки баргаҳои райъ ҳафт дараҷаи муҳофизатӣ доранд, ки метавон аз тақаллубкорӣ дар заминаи мизони баргаҳои райъ ҷилавгирӣ кард.
XS
SM
MD
LG