Пайвандҳои дастрасӣ

Шикояти ҲНИТ ба додгоҳ аз болои комиссияи интихоботии Рашт


Бахши раштии ҲНИТ аз болои комиссияи интихоботии ин ноҳия ба додгоҳ шикоят бурдааст.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, далели шикоят ин аст, ки комиссияи ноҳиявии интихобот дархости намояндагони ҲНИТ-ро ҷиҳати шомил кардан ба узвияти қитъаҳои интихоботӣ рад кардааст.

Комиссияи ноҳиявии интихобот мегӯяд, онҳо ба ин дархост мутобиқи қонуни интихобот посухи рад додаанд.

Муҳаммадрасул Додов, раиси бахши ҲНИТ дар Рашт, ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар Рашт гуфт, рӯйхати аъзои қитъаҳои интихоботӣ дар нашрияи маҳаллии «Оинаи Рашт» чоп шудааст ва нисфи аъзои он қитъаҳо намояндаҳои ҲХДТ мебошанд.

Вале Давлатмаҳмад Алиев, раиси комиссияи ноҳиявӣ, ин иддаои ҲНИТ-ро беасос хонд ва гуфт, дар қитъаҳо намояндаи ягон ҳизб нест. Ҷаноби Алиев гуфт, онҳо ба ҲНИТ пешниҳод кардаанд, ки намояндаҳояшонро дар комиссияи ҳавзаи интизоботӣ ва ҳамчун нозир қабул кунанд.

Вале раиси ҲНИТ дар Рашт мегӯяд, ҳаққи додани варақа ба интихобдиҳанда ва ҳаққи ҳисоби раъй дар дасти узви қитъаҳост ва он муҳимтар аст.

Дар ҳавзаи интихоботии Рашт панҷ нафар барои дарёфти курсии вакилӣ вориди сабқат мешаванд ва коршиносон мегӯянд, муборизаи асосӣ миёни намояндаи ҲХДТ Шукурҷон Зуҳуров ва яке аз чеҳраҳои калидии собиқ мухолифин Давлат Усмон ҷараён мегирад. Давлат Усмон аз тариқи худпешбарӣ номзадишяро ба порлумон пешниҳод кардааст.

Ин чаҳорумин шикоят ба додгоҳ аз болои комиссияҳои маҳаллии интихоботӣ мебошад. Қаблан, Ҳизби коммунист дар Кӯлоб ва Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар Истаравшан аз болои комиссияҳои интихоботӣ ба додгоҳ шикоят бурдаанд. Дар Панҷакент номзади худпешбарӣ Матлуб Халифаев низ пас аз он ки номзадияш лағв шуд низ аз рӯи комиссияи интихоботӣ ба додгоҳ шикоят кар, вале додгоҳ ҳам шикояти ӯро рад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG