Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оксфам: Тағйири иқлим метавонад ба фақр бибарад


Муассисаи байналмилалии Оксфам бо нашри гузорише доир ба таъсири тағйири иқлим ба Тоҷикистон хост, то ба ин кишвар барои мутобиқа шудан ба паёмадҳои гармоиши курраи Замин кӯмак кунанд. Чаро ки ба гуфтаи муаллифони гузориш Тоҷикистон бо ин вазъи иқтисодиаш қодир нест, ки мардуми камбизоати худро барои эмин мондан аз паёмадҳои бади тағйири иқлим омода кунад. Дар сӯҳбате ки бо Эндӣ Бейкер, мудири дафтари Оксфам дар Тоҷикистон, доштам, нахуст аз ӯ хостам, то доир ба нишонаҳои мусоидати тағйири иқлим ба афзоиши фақр дар он кишвар бигӯяд.

Эндӣ Бейкер: “Аз ҳамин ҳоло мо нишонаҳои онро аз пажӯҳишҳои илмии гуногун мебинем, ҳарорат дар Тоҷикистон боло меравад ва тамоюлҳои боронравӣ ноустувортар мешаванд. Аз назари таъсир ба мардуми фақири манотиқи рустоӣ, чунин мешавад, ки ҳосили зироатҳои онҳо назар ба гузашта камтар хоҳад шуд. Яъне, кишоварзон пули худро барои коркарди замин ва кишти тухмӣ харҷ мекунанд, вале мутмаин нестанд, ки аз он ҳосил мебардоранд. Яъне, гармоиши курраи Замин мустақиман ба афзоиши фақр ва заъфи амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад. Агар тамоюлҳои тағйири иқлим, ки мебинем, идома ёбад, амнияти ғизоӣ дар манотиқи рустоии Тоҷикистон заъифтар мешавад, зеро кишоварзон аз заминҳояшон ҳосили камтаре хоҳанд гирифт. Ин дар навбати худ ба афзоиши фақр мусоидат намуда ва мардумро ба муҳоҷират ба шаҳрҳо ва ё пайдо кардани кор ба ҷойҳои дигар масалан Русия водор мекунад.

Тоҳири Сафар: «Мо ҳамин фасли зимистон шоҳиди ҳавои ғайримуқаррарӣ гарм дар зимистон шудем, агарчӣ чанд рӯзи ахир дар Тоҷикистон ҳаво сард шудааст. Ин тамоюл ҳам метавон нишонае аз болоравии ҳарорат дар Тоҷикистон хонд ва ё бояд ба тамоюлҳои дарозмуддати тағйироти ҳаво нигоҳ кард?»

Эндӣ Бейкер: «Ба андешаи ман, ҳар ҳодисаи бахусуси марбут ба вазъи ҳаворо, ки мебинем, бахше аз онро ба тағйироти иқлим иртибот медиҳанд ва мо бояд ҳамчунин ба тамоми тамоюлҳо нигоҳ кунем. Ҳамин гуна, мо аз мушоҳидаҳои сабтшудаи ҳаво аз замони Шӯравӣ мебинем, ки ба ҳадди миёна борон камтар меборад ва ҳарорат ҳам болотар меравад. Ва ҳамчунин шоҳиди бештар шудани хушксолиҳо шудаем, ки зуд-зуд иттифоқ меафтанд. Яъне, ин кишоварзон дар мавқеъи душворе мемонанд, ки намедонанд, чиро ва кай кишт кунанд.»

Тоҳири Сафар: «Доир ба таъсири гармоиши курраи Замин ба захираҳои об дар Осиёи Марказӣ зиёд сӯҳбат мешавад, ки аз минтақаҳои хушки ҷаҳон маҳсуб мешавад. То кунун таъсири тағйири иқлим ба захираҳои об дар Тоҷикистон чӣ гуна будааст?»

Эндӣ Бейкер: «Ва аз нав иттилоъе, ки мо мебинем, нишон медиҳад, боришот кам мешавад, вале вақте бориш ҳаст, дар давраҳои кӯтоҳмуддат аст, ки боиси обхезӣ мешавад. Ҳамчунин, нишонаҳое ҳаст, ки пиряхҳо дар Тоҷикистон хурдтар мешаванд. Агар тамоюлҳои боронравӣ дар оянда идома кунад, ки зоҳиран идома хоҳад кард, дар ниҳоят ба маҷрои рӯдхонаҳо таъсир мегузорад. Вақте пиряхҳо об мешаванд, маҷрои рӯдхонаҳо ҳам зиёд мешавад ва баъд аз он ки пиряхҳо дар оянда ақибнишинии зиёд мекунанд, мо шоҳиди коҳиши маҷрои рӯдхонаҳо мешавем. Масалан, оби рӯдхонаи Амударё, аз ҳисоби обшавии пиряхҳост ва ин рӯдхона барои мардуми Тоҷикистону, Қирғизистону Ӯзбакистон воқеан бисёр муҳим аст. Ва агар маҷрои об коҳиш ёбад, барои арсаи кишоварзӣ ва зиндагии мардум таъсири бисёр бад хоҳад дошт.

Тоҳири Сафар: «Он гуна ки дидем, ҳамоиши байналмилалии тағйири иқлим дар Копенҳаген натиҷаҳои дилхоҳе, ки мунтазир буданд, надод. Аз ин рӯ, болоравии ҳарорат ҳамин гуна идома хоҳад кард ва як масъалаи муҳим ҳам мутобиқат ба паёмадҳои гармоиши курраи Замин аст. Тавсияҳои созмони шумо дар ин замина кадомҳоянд?»

Эндӣ Бейкер: «Дар гузориш доир ба тағйири иқлим ва камбизоатӣ дар Тоҷикистон, ки мо нашр мекунем, ба созмонҳои байналмилалӣ ва ҳукумат тавсияҳо дода шудааст, ки барои омодагӣ ва мутобиқат ба тағйири иқлим чӣ кор карда метавонанд. Мо пешниҳод мекунем, ки барои кӯмак ба кишоварзон кори бештаре карда шавад, аз ҷумла бо омӯзонидани усулҳои нави кишт ва дастрасӣ ба навъҳои нави зироат, ки тавонанд дар шароити дигари иқлимӣ кишт кунанд. Мо пешниҳод мекунем, дар амри ҳифзи энержӣ корҳои бештаре анҷом шавад, аз ҷумла бо пӯшонидани манзилҳои истиқоматӣ бо қабати ҳимояти гармӣ. Мо пешниҳод мекунем, то кори бештар барои коҳиши хатароти офатҳои табиӣ, дар сатҳи ҷамоаҳо анҷом дода шавад. Ба ҷамоаҳо кӯмак намоянд, то дар ҳолатҳои фавқуллода замони обхезӣ ва ё лағшиши хок дуруст рафтор кунанд. Дар сатҳи байналмилалӣ Оксфам мекӯшад, то ҳукуматҳои саросари ҷаҳонро водор намояд, ки бо талоши муштарак барои муқобила ҳадафҳои мушаххас пеши худ гузошта ва ба созиши муқаяде бирасанд. Аз ҷумла бо кӯмаки молӣ ба кишварҳои осебпазире ба мисли Тоҷикистон, чаро ки Тоҷикистон ба танҳоӣ қодир нест, ки худро ба паёмадҳои тағйири иқлим мутобиқ кунад.»
XS
SM
MD
LG