Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олимпиадаи Ванкувер: ҷамъбасти панҷ рӯзи мусобиқот


Пас аз панҷ рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XXI зимистонаи олимпӣ дар Ванкувери Канада намояндагони 22 кишвар медалҳои олимпӣ ба даст овардаанд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 12 медал - 4 нишони тилло, 3 нуқра ва 5 биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ ба ҷойи аввал баромад. Олмон бо касби 10 медал – 3 тилло, 4 нуқра ва 3 биринҷӣ дар ҷои дуввум аст. Кореяи Ҷанубӣ, ки 3 медали тилло ва 2 нишони нуқра гирифтааст, дар ҷои саввум қарор дорад. Швейтсария бо 4 медал – 3 тилло ва 1 биринҷӣ ҷойи чаҳорум ва Канада бо 5 медал – 2 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ҷои панҷумро касб кардаанд.

Дар маҷмӯъ, то ҳоло варзишгарони 14 кишвари олам ба унвони қаҳрамони Олимпиадаи Ванкувер даст ёфтаанд: 6. Фаронса (2 тилло, 1 нуқра, 4 биринҷӣ). 7. Шветсия (2 тилло). 8. Австрия (1 тилло, 2 нуқра, 2 биринҷӣ). 9. Норвегия (1 тилло, 2 нуқра, 2 биринҷӣ). 10. Чин (1 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ). 10. Русия (1 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ). 12. Словакия (1 тилло, 1 нуқра). 13. Ҷумҳурии Чех (1 тилло ва 1 биринҷӣ). 14. Нидерланд (1 тилло).

Ёдовар мешавем, ки Андрей Дригин, ягона намояндаи Тоҷикистон дар Олимпиадаи Ванкувер, дар сабқати лижаронии кӯҳӣ, дар навъи фуруд аз нишебӣ, миёни 64 нафар дар ҷойи 59-ум қарор гирифт. Вай боз дар се навъи рақобатҳои лижаронии кӯҳӣ ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Андрей Дригин 19-уми феврал дар сабқати супергигант ширкат меварзад.
XS
SM
MD
LG