Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбозони "Шахтёр"-ро ба “Harrods” роҳ надоданд


Футболбозони тими “Шахтёр” аз шаҳри Донетски Украина натавонистаанд, дар фурӯшгоҳи “Harrods” дар Лондон харид кунанд. Маъмурони фурӯшгоҳ ба ин далел, ки онҳо шубҳанок ба назар мерасанд ва шуморашон хеле зиёд аст, варзишкоронро аз мағоза берун кардаанд.
“Harrods” мегӯяд, футболбозонро ба далоили беҳдоштиву амниятӣ ба фурӯшгоҳ роҳ надодаанд.
“Шахтёр” ба хотири бозӣ бо тими инглисии “Fulham” дар даври навбатии Лигаи Аврупо дар Лондон қарор дорад.
Молики ҳам “Fulham” ва ҳам “Harrods” сарватманди мисритабор Муҳаммад Файёд аст. Ҳамон ки писараш дар як садама ҳамроҳи маликаи Бритониё Диана ҳалок шуда буд.
XS
SM
MD
LG