Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон аз ғанисозӣ ба ҳеҷ қимат даст бардоштанӣ нест


Фиристодаи Эрон дар Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ гуфтааст, ки Теҳрон ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ қимат аз фаъолиятҳои баҳсбарангези ғанисозии ураниумаш даст нахоҳад бардошт.Алиасғар Султония дар мусоҳиба бо маҷаллаи бритониёии “New Statesman” гуфтааст, Ғарб бояд дар ғанисозӣ устод шудани Эронро бипазирад. Ӯ таҳдиди эъмоли таҳримоти нав алайҳи Эронро ҳокии бархӯрди истеъморгарона номидааст.
XS
SM
MD
LG