Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико боздошти Мулло Бародарро комёбии азим хонд


Кохи Сафед дар нахустин ташреҳи худ боздошти фармондеҳи аршади Толибон Мулло Абдулғанӣ Бародарро “комёбии азим” номид. Мулло Бародар, ки баъд аз Мулло Умар раҳбари дуввуми Толибон шинохта мешуд, дар авоили моҳи феврал тавассути нирӯҳои вижаи Покистону Амрико дар Покистон боздошт шуд. Сухангӯи Кохи Сафед асорати Мулло Бародарро “комёбии бузург дар роҳи талошҳои муштараки мо дар минтақа” унвон кард. Роберт Гиббс гуфт, фармондеҳи аршади Толибон феълан дар Покистон таҳти боздошт қарор дорад ва Кохи Сафед дар бораи вуҷуди барномаи табдили ӯ чизе намедонад.
XS
SM
MD
LG