Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолбрук ба зудӣ ба Осиёи Марказӣ сафар хоҳад кард


Ричард Ҳолбрук, фиристодаи хоси Амрико дар умури Осиёҳои ҷанубиву марказӣ ба зудӣ аз ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ дидан хоҳад кард. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Марк Тонер гуфт, ки Ҳолбрук феълан дар Афғонистон қарор дошта, аз он ҷо ба Покистон сафар мекунад. Ба дунбол, қарор аст, ки ӯ роҳии Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистону Туркманистон ва Узбакистон шавад. Ин нахустин сафари ин фиристодаи аршади раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ба ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказист.
Марк Тонер гуфт, дар пайи боздид аз Осиёи Марказӣ, Ричард Ҳолбрук ба Гурҷистону Олмон низ сафар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG