Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мурофиаи 5 амрикоӣ дар Саргозаи Покистон


Додгоҳи зиддитеррор дар шаҳри Саргоза, дар шарқи Покистон пешниҳоди дар ивази пули гарав раҳо кардани 5 ҷавони амрикоиро радд кард. Ин 5 тани аз 18- то 25-сола, ки моҳи декабр дар Саргоза боздошт шуданд, ба қасди анҷоми ҳамалот ва ҷустани иртибот бо гурӯҳҳои марбут ба шабакаи Ал-Қоида айбдор мешаванд. Вале вакилони дифоъ ба далели камбуди шавоҳид хостори раҳоии онҳо дар ивази гарав шуданд.
Додгоҳи Покистон пешниҳоди ихроҷи ин муттаҳамин ба Амрикоро низ радд кард ва акнун, дар сурати тасбити иттиҳомот, онҳо метавонанд ба ҳабси умрбод маҳкум шаванд.
XS
SM
MD
LG