Пайвандҳои дастрасӣ

Қарори пирӯзии Янукович ба ҳоли таълиқ оварда шуд


Додгоҳи олии маъмурии Украина қарори Куммиссиюни марказии интихобот дар бораи пирӯзии Виктор Янукович дар даври дуввуми раъйгириро то замони баррасии шикояти рақиби ӯ -Юлия Тимошенко – ба ҳоли таълиқ овард.
Тимошенко аз эътирофи шикасти худ дар даври дуввум, ки рӯзи 7 феврал доир шуд, даст кашида, аз натоиҷи эълоншудаи интихобот ба додгоҳ шикоят бурдааст.
Ин дар ҳолест, ки ду рӯз пеш парлумони Украина 25 февралро ба ҳайси таърихи адои савганди раёсатҷумҳурии Янукович муқаррар кард. Аммо додгоҳи маъмурӣ гуфт, ки ҳаққи дахолат дар масъала ва пешгирӣ аз адои савганди Януковичро надорад.
XS
SM
MD
LG