Пайвандҳои дастрасӣ

Имзо шудани қарордоди низомии Русия бо Абхозистон


Русия бо Абхозистон, яке аз вилоятҳои ҷудоиталаби Гурҷистон қарордоде имзо кард, ки истиқрорипойгоҳи низомиии Русия дар ин минтақаро барои 49 сол иҷозат медиҳад.Матбуоти Русия мегӯяд, ин пойгоҳ макони 1700 сарбоз ва мақари воҳидҳои низомии мусаллаҳ бо тӯпхонаҳои сангин ва шабакаҳои дифоъи зиддимушакӣ хоҳад шуд.
Русия билофосила дар пайи ҷанги кӯтоҳи якуним соли пешаш бо Тифлис истиқлолияти ҳарду вилояти ҷудоиталаби Гурҷистон – Абхозистон ва Осетияи ҷанубиро ба расмият шинохт ва то кунун бо маъмуриятҳои рӯ ба Маскави он ду минтақа даҳҳо созишномаҳои байнидавлатӣ ҳам ба имзо расондааст. Аммо Тифлис ҳар навъ муносиботу равобит ва имзои қарордод миёни Маскав ва вилоятҳои ҷудоиталабаш, аз ҷумла қарордоди таъсиси пойгоҳи низомӣ дар Абхозистонро ғайриқонунӣ мехонад ва маҳкум мекунад.
XS
SM
MD
LG