Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама имрӯз бо Далай Лама мулоқот хоҳад кард


Қарор аст, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама имрӯз дар Кохи Сафед бо Далай Лама, раҳбари рӯҳонии Тибет мулоқот кунад. Чин Далай Ламаро ҷудоиталаб шинохта, тасмими Обама барои мулоқот бо раҳбари буддоиҳои Тибетро танқид мекунад.
Ин мулоқот дар пасманзари танишҳои ахир дар равобити Чину Амрико барпо мешавад. Пекин фурӯши барномарезишудаи таслиҳоти Амрико ба Тайванро низ интиқод мекунад. Чин ин ҷазираи мухтор ва ҳамин тавр, Тибетро як бахши қаламрави худ медонад.
XS
SM
MD
LG