Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боз як тарафдори шоҳ дар Эрон ба қатл маҳкум шуд


Додгоҳи Эрон марди 21-солае бо исми Амирризо Орифиро бо ҷурми ҳамкорӣ бо ҷамъияти шоҳпарастони Эрон ба эъдом маҳкум кард. Муҳаммад Мустафоӣ, вакили дифоъи Орифӣ гуфт, додгоҳи инқилобии Теҳрон рӯзи чоршанбе муваккили ӯро бо ҷурми талоши насби бомбҳо дар ҳавзаҳои раъйдиҳӣ дар ҷараёни интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи июн ба қатл маҳкум кард. Ин дар ҳолест, ки Амирризо Орифӣ ҳанӯз ду моҳ қабл аз интихобот дастгир шуда буд.
Орифӣ севвумин нафарест, ки бо ҷурми ҳамдастӣ бо гурӯҳи шоҳпараст маҳкум ба қатл мешавад. Ҳукми эъдоми ду маҳкумшудаи қаблӣ - Ораш Раҳмонипур ва Муҳаммадризо Ализамонӣ рӯзи 28 январ иҷро шуд.
XS
SM
MD
LG