Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори "Оксфам" аз авоқиби манфии тағйири иқлим


Созмони бритониёии “Оксфам” дар як гузориши тоза ҳушдор додааст, ки дар ғайри сурати иттихози тадобири оҷил, аҳолии Тоҷикистон дар 40 соли оянда бо асароти манфии тағйири иқлим рӯбарӯ хоҳад шуд. Ин гузориш, ки дар ҳамдастӣ бо идораи ҳавошиносии Тоҷикистон муаррифӣ шуд, асароти тағйири иқлим ба мизони фақр дар Тоҷикистонро таҳти таҳқиқ қарор додааст. Гузориш мегӯяд, таъсири тағйири иқлим бахусус барои якуним миллион мардуме, ки дар манотиқи рустоии Тоҷикистон ва бе ин ҳам дар як шароити камбуди ғизо ба сар мебаранд, хеле ҳангуфт хоҳад омад. Гузориш мегӯяд, ҳавои Тоҷикистон дар 50 соли охир 2 дараҷа гармтар шудааст, ки метавонад мунҷар ба об шудани 20 фоизи пиряхҳояш шавад.
XS
SM
MD
LG