Пайвандҳои дастрасӣ

Аз аввали сол як тонна маводи мухаддир гирифтаанд


Мақомоти Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ алакай як тонна маводи мухаддир кашф ва мусодира кардаанд. Хабаргузории русии РИАН “Новости” аз қавли дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон навишт, ки маъмурони ин вазорат ва Ожонси мубориза бо маводи мухаддир аз оғози сол 159 мавриди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор кардаанд. Танҳо тайи рӯзи сешанбе дар қаламрави Тоҷикистон 11 кило маводи мухаддир мусодира шудааст, ки 9 килояшро ҳероин ташкил медиҳад. Бино ба омори расмӣ, дар соли 2008 дар Тоҷикистон 4 тоннаву 571 кило маводи мухаддир кашф ва мусодира шуда буд, ки беш аз як тоннааш ҳероин будааст.
XS
SM
MD
LG