Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тошканд маҳкум шудани як зодаи Тоҷикистон


Ахиран додгоҳе дар пойтахти Узбакистон се нафар, бо шумули зодаи Тоҷикистон Ёқуб Ғафуровро дар қатли коргардони маъруфи театр Марк Вайл муҷрим шинохт. Ёқуб Ғафуров ба 20 соли зиндон ва Қаҳрамон Пӯлодову Алишер Сатторов ҳар кадом ба 17 соли зиндон маҳкум шуданд. Гуфта мешавад, ки ин афрод, ки ду тани онҳо кормандони собиқи милиса будаанд, коргардони 55-солаи театри “Илҳом”-ро дар таърихи 6 сентябри соли 2007 ба далели “инҳирофи фармудаҳои Қуръон” куштаанд. Алишер Сатторов набераи генерал Сатторов, раҳбари пешини идораи умури дохилаи Тошканд будааст.
XS
SM
MD
LG