Пайвандҳои дастрасӣ

Қотилони коргардони Ӯзбакистониро ҷазо доданд


Бино ба гузоришҳо, як додгоҳи Ӯзбакистон се нафарро бо гуноҳи қатли Марк Вейл - коргардони як театри хусусӣ дар ин кишвар, аз 17 то ба 19 соли зиндон маҳкум кардааст. Марат Зоҳидов – раҳбари Кумитаи ҳуқуқи башари Ӯзбакистон гуфт, яке аз муттаҳамони дигар ба қатли ҳунарманд то кунун дастгир нашудааст. Марк Вейл – муассис ва мудири ягона театри хусусии Ӯзбакистон мавсум ба “Илҳом”, соли 2007 дар назди хонааш дар шаҳри Тошканд аз зарби корд ба ҳалокат расид. Баъди намоишномаи “Тақлид ба Қуръон”,-и Марк Вейл, ки бар асоси асари Александр Пушкин, эҷод шудааст, ӯро ба таҳвин ба шаъни Ислом муттаҳам карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG