Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми пирӯзии Янукович мутаввақиф шуд


Додгоҳи Олии Маъмурии Украина ҳукми Камисиюни марказии интихобот дар мавриди интихоботи раиси ҷумҳури ин кишварро, то замони баррасии шикояти мағлуби интихобот муттавақиф кардааст. Додгоҳи мазкур бо нашри баёнияе гуфт, ҳукми камисиюн дар бораи пирӯзии Виктор Янукович дар интихоботи рӯзи 7 февралро муттавақиф намуд. Юлия Тимошенко – нахуствазири Украина пирӯзии рақибаш Виктор Януковичро эътироф накарда ва аз натиҷаҳои интихобот ба додгоҳ шикоят бурд. Порлумони Украина ҳамин ҳафта ризоият дод, то рӯзи 25 январ маросими адои савганди Виктор Янукович баргузор шавад. Додгоҳи Украина имрӯз гуфт, ҳаққи судури ҳукм дар ин мавридро надорад ва наметавонад монеъи баргузории маросими адои савганд бишавад.
XS
SM
MD
LG