Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Косово мақомот дуввумин солгарди эъломи якҷонибаи истиқлоли худ аз Сербистонро таҷлил мекунанд. Аммо бо гузашти ин ду сол ҳанӯз даҳҳо кишвари дигар Косоворо ба расмият нашинохтаанд ва мақомот саъй доранд, то ҳимояти васеи байналмилалиро ба даст оранд.

Баъди эъломи истиқлол дар ду соли пеш то кунун 65 кишвари дунё Косоворо ба расмият шинохтааст, аз ҷумла бисёре аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико. Аммо Сербистон то кунун Косоворо як бахши қаламрави худ хонда, эътироф накардааст ва ҳамчунин Русияву Чинро мойил намудааст, то ба он пайравӣ намоянд.

Тоҷикистон низ ҳануз Косоворо ба ҳайси кишвари мустақил эътироф накардааст ...
Тоҷикистон низ ҳанӯз Косоворо ба ҳайси кишвари мустақил эътироф накардааст.

Барои Косово муҳим аст, ки эътирофи кишварҳои дигари ҷаҳонро ба даст оварад, то битавонад узви комилҳуқуқи Маҷмаъи Кулли Созмони Милали Муттаҳид бишавад. Ба даст овардани эътирофи Сербистон як чолиши азиме барои Косовост, аммо чолишҳои дохилӣ аз ин ҳам бузургтар будаанд.

Фатмир Сейду, раисиҷумҳури Косово, ба Радиои Озодӣ гуфт, яке аз чолишҳои аслии ин кишвари мустақилаш, ҳамоиши манотиқи умдатан сербнишини шимоли Косово аз ҷумла шаҳри тақсимшудаи Митровитса ба ҳукуматим марказӣ аст.

Вай гуфт, ҳукумати Сербистон ҳамоиши ин минтақаҳоро мушкил кардааст, зеро бо таъсиси идораҳои давлатии ҳамсон дар шимоли Косово онҳоро ташвиқ мекунад, то ҳукумати марказиро напазиранд.

Раисиҷумҳури Косово гуфт, «мушкилоти шимоли Косово, ҳамон мушкили як даҳсолаи пеш аст, ҳатто пештар аз он, зеро Белград ҳамеша кӯшидааст, то бо усул ва имконоти мавҷуд, ба вазъи Косовои озод ва мустақил садама расонад».

Ҳамроҳ бо Кумитаи байналмилалии раҳбарии Косово, ҳукумати Приштина барномаи ҳамоиши манотиқи сербнишинро таҳия намудааст, ки рушди иқтисодӣ, таъмини волоияти қонун ва фароҳам кардани шароит барои интихоботи озодро пешбинӣ мекунад.

Ба гуфтаи Питер Фейф, намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо, барои Косово пазириши ҳукумати марказии Косово аз сӯи мардуми маҳаллӣ бисёр муҳим аст.

Питер Фейф мегӯяд, бо фароҳам кардани иртиботи хосе миёни сербҳо ва ҳукумати Белград метавон мардумро ба пазируфтани ҳукумати марказии Косово мойил кард.

Вай гуфт, «дар шимол, сохторҳои ҳамсонро метавон, бо пайвандҳои боимтиёз иваз кард, ки ба ҷомеаҳои сербҳои Косово итминон хоҳад дод, ки метавонанд зиндагии суннатиашонро нигаҳ доранд, барои маориф ва беҳдошт манобеъи заруриро ба даст биёранд».

Аммо ҳукумати Сербистон моил ба пазируфтани ин барнома нест. Чанде пеш вазири Сербистон дар умури Косово ва Метохия гуфтааст, ки Косово бояд мунтазири он набошад, ки Сербистон барномаи байналмилалии ҳамоиш барои Косоворо ҳимоят хоҳад кард.

Аммо ба гуфтаи таҳлилгарон, аз ҷумла Януш Бугайскӣ аз Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стротежӣ ва байналмилалӣ дар Вашингтон аҳромҳои зиёде вуҷуд дорад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад бо истифода аз онҳо Сербистонро ба пазируфтани он барномаи ҳамоиш мойил кунад.

Аз ҷумла ба гуфтаи Бугайксӣ, Белград бояд бидонад, ки ба ғайр аз панҷ кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо дигар ҳама кишварҳои узв Косоворо ба расмият шинохтаанд.

Вай мутмаин аст, ки танҳо дар сурати эътирофи истиқлоли Косово, кишварҳои узв Сербистонро барои пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо даъват хоҳанд кард, чизе ки Сербистон муштоқи он аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG