Пайвандҳои дастрасӣ

Зарбаи ҷонкоҳи тағйири иқлим ба Тоҷикистон


Як муассисаи байналмилалии имдодӣ мегӯяд, ақибнишинии пиряхҳо ва ҳавои фавқуллода гарм вазъи амнияти ғизоӣ, зиндагӣ дар Тоҷикистон ва ҳатто амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказиро ба таври хатарноке табоҳ хоҳад кард. Муассисаи имдодии “Окфам” имрӯз бо нашри гузорише доир ба тағйири иқлим ва таъсири он ба фақр дар Тоҷикистон гуфт, мардуми ин кишвар аз ҳоло паёмадҳои сахти тағйири иқлимро мечашанд ва дар сурати наандешидани чораҳои зарурӣ дар солҳои оянда дарду ранҷи бештаре хоҳанд кашид. Андӣ Бейкер мудири дафтари Оксфам дар Душанбе дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: "Агар тамоюлҳои тағйири иқлим, ки мебинем, идома ёбад, амнияти ғизоӣ дар манотиқи рустоии Тоҷикистон заъифтар мешавад, зеро кишоварзон аз заминҳояшон ҳосили камтаре хоҳанд гирифт. Ин дар навбати худ ба афзоиши фақр мусоидат намуда ва мардумро ба муҳоҷират ба шаҳрҳо ва ё ҷойҳои дигар масалан Русия водор мекунад." Дар Тоҷикистон тайи 60 соли гузашта ҳарорат бештар аз як дараҷа афзудааст ва хушксолиҳо ҳам бештар мушоҳида мешавад, Бист дар сади пиряхҳои кишвар ақибнишинӣ карда ва 30 дар сади дигар то соли 2050 аз байн хоҳанд рафт.
XS
SM
MD
LG