Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ тасмим дорад, то 1,5 ҳазор ҳектор замини аз давлати исломии Афғонистон бозпасгирифтаашро, дубора мавриди истифода қарор бидиҳад.

Ин замини наздисарҳадӣ, ки панҷ сол қабл ҳангоми дигар шудани маҷрои рӯдхонаи Панҷ ҷониби Афғонистон гузашта буд, ҳамакнун мақсад аст, ба боғи зардолу табдил дода шавад.

Хуҷамурод Фазлиддинов, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ, мегӯяд, ба хотире, ки дигар рӯдхонаи Панҷ маҷрояшро дигар накунад ва ба сокинон зарар нарасонад, ҳукумати Тоҷикистон барои соҳилбандии он дар ин мавзеъ 93 миллион сомонӣ ҷудо кардааст.

Масъулини ҳукумати ноҳия инчунин мегӯянд, ин мавзеъ давоми панҷ соли ахир мавриди истифодаи шаҳрвандони давлати исломии Афғонистон қарор дошта, барои бозпас гирифтанаш мақомот талошҳои зиёде кардааст. Ба гуфтаи масъулин пас аз оне, ки ин мавзеъ ба ҷониби Тоҷикистон гузашт, ҳодисаҳои сарҳадшиканӣ дигар ба қайд гирифта нашудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршиносон ҳанӯз ҳам дар ноҳияи Шӯроободи минтақаи Кӯлоб чунин мушкили марзӣ ҳал нашудааст. Рустами Абдулло, як коршинос, мегӯяд, соли гузашта низ 35 ҳазор ҳектор замин аз тасарруфи қочоқчиёни афғон дар Шӯрообод озод гардида буд, вале то ҳанӯз мушкили марзшиканӣ аз ҷониби шаҳрвандони Афғонистон дар ин мавзеъ ба поён нарасидааст. Аммо ҷаноби Рустам мегӯяд, заминҳои наздимарзии Шӯрообод ва Ҳамадонӣ аз ҳамдигар фарқ доранд.

Вай афзуд, “заминҳои наздимарзӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ ҳамвор аст ва ҳеҷ ҷангалу кӯҳу кутал дар ин ҷо вуҷуд надорад, вале марзи Шӯрообод пур аз ҷангалу ғору кӯҳу кутал аст. Аз сӯи дигар ин мавзеъ аз ҷониби сарҳадбонони рус дар замони ҷанги шаҳрвандӣ мингузорӣ шудааст ва фикр мекунам, ки маҳз ҳамин мушкилот аст, ки дар ин минтақа сарҳад пурра зери назорат нест”.

Марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон ҳанӯз миёни Британияи Кабир ва Русияи подшоҳӣ дар авохири асри 19 соҳили рӯдхонаи Панҷ муайян шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG