Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи шаҳри Душанбе мурофиаи парвандаи се афсари умури дохила ва чаҳор ғайринизомиро, ки дар қочоқи шашуним кило ҳероин муттаҳам шудаанд, оғоз кард.

Афсарони раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати умури дохилӣ ва афроди мулкӣ дар чанд амали ғайриқонунӣ, яъне сӯистифода аз рутбаҳо, берун омадан аз ваколати низомӣ, доштани силоҳи ғайриқонунӣ ва қочоқи маводи мухаддир муттаҳам шудаанд, ки ҳоло дар курсии айбдорӣ нишастаанд.

Додраси Додгоҳи шаҳри Душанбе Алпомиш Акбаров дар сӯҳбати телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфт, феълан марҳилаи пурсиши тарафҳо оғоз шудааст.

Афсарони умури дохила барои қочоқи маводи мухаддир ду сол қабл дар соли 2008 боздошт шудаанд. Дар миёни гурӯҳи мазкур як зан низ дастгир шуда буд, ки мувофиқи қонуни афв озод шудааст.

Вазири умури дохила Абдураҳим Қаҳҳоров дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ гуфт, «дар соли гузашта, яъне дар соли 2009 мизони ҷурму ҷиноят дар суфуфи милисаҳо коҳиш ёфатааст. Вале ҳатто як ҷинояти кучактарин аз ҷониби корманди умури дохила барои мо сангинтарин ҷиноят дониста мешавад».

Ба қавли вазир, 80 дарсади ҳодисаҳои боздошти кормандони умури дохила бо ҷиноёти мухталиф аз ҷониби ҳамин вазорат сурат гирфтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG