Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми "арзёбии амиқи" арсаи энержии Тоҷикистон


Хартияи энержӣ “арзёбии амиқи” фазои сармоягузорӣ ва сохтори бозори энержии Тоҷикистонро хотима додааст. Дар ин арзёбии тақрибан 70 саҳифагӣ коршиносони байналмилалӣ бо таъкиди рушди энержии обӣ дар Тоҷикистон, ҳамзамон аз меъёрҳои қонунгузорӣ ва мудирияти ин арса ибрози нигаронӣ кардаанд. Муаллифони арзёбӣ гуфтаанд, ислоҳот барои беҳбуди фазои сармоягузорӣ ба арсаи энержии Тоҷикистон ба самти дуруст ҳаракат мекунад, аммо ҳукумат бояд саъйи бештаре кунад, то фазои бозу озод ва қобили пешбинӣ барои сармоягузорӣ фароҳам шавад. Бюрократияи беш аз ҳад, низоми додгоҳӣ, мудирияти заъиф ва фасод дар Тоҷикистонро аз монеҳои бузурги вуруди сармояи хориҷӣ ба кишвар хондаанд. Хартияи Энержӣ бо қароргоҳаш дар шаҳри Брюссел созмони байналмилалиест, ки Тоҷикистон низ узви он мебошад.
XS
SM
MD
LG