Пайвандҳои дастрасӣ

Дар як мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Бишкек панҷ навраси тоҷик аз рӯи гуштии тарзи Юнону Рим сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм шуданд.

Ин мусобиқаҳои ба ифтихори яке аз гуштигирони номии қирғиз Дейсимқул Аҳмедов гузаронда шуд.

Майрамбек Аҳмедов, сармураббии тими наврасону ҷавонони Тоҷикистон оид ба гуштии тарзи Юнону Рим, ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин мусобиқаҳо наврасони соли таваллудашон 1992-94 байни ҳам қувваозмоӣ карданд.

Вай афзуд, «ин мусобиқаҳо як ҳафта давом карданд ва паҳлавонони навраси Ӯзбакистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар дувоздаҳ вазн рӯи қолин баромаданд».

Сармураббии тими наврасон боз илова кард, ки мусобиқаҳои ниҳоӣ хеле тезутунд сурат гирифтанд ва ҳар як паҳлавон талош ба харҷ дод, ки яке аз медалҳои ин мусобиқаро ба даст биёрад.

Майрамбек Аҳмедов ҳунарнамоии панҷ навраси тоҷикро таъриф кард ва гуфт, ки онҳо дар болои қолин худро хеле орому боҷуръат нишон доданд.

Баъди анҷоми мусобиқаҳо Зафар Камолов, мураббии тими наврасони тоҷик оид ба гуштии тарзи Юнону Рим, ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ аз натиҷаҳои ба дастовардаи шогирдонаш ибрози қаноатмандӣ кард.

Ба гуфтаи ӯ, дастпарваронаш дар болои қолини гуштигирӣ хеле хуб ҳунарнамоӣ карданд ва соҳиби ду медали тилло, як медали нуқра ва ду медали биринҷӣ шуданд.

Зафар Камолов ҳамчунин илова кард, ки ин мусобиқаҳо барои дастпарварони ӯ боз як қадами дигар барои ширкаташон дар мусобиқаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ хоҳад буд.

Беҳруз Тӯйчиев, яке аз паҳлавонони тоҷик, ки дар ин мусобиқа соҳиби медали тилло гашта буд, зимни сӯҳбат хушҳолона изҳор кард, ки дар панҷ давр бар ҳарифони худ пирӯзӣ ба даст овард ва шарафи Тоҷикистони азизашро ҳимоя кард.

Ба гуфтаи Беҳрӯз дар мусобиқаи охир бо паҳлавони навраси қазоқ рӯи қолин баромад ва аз се дар ду давраи ин мусобиқа бар рақиби худ ғолиб баромад.

Ҳамчунин дар ин мусобиқаҳо аз Тоҷикистон Суҳроб Ҳоҷиев дар вазни 58 килограмм сазовори ҷои аввал ва медали тиллои мусобиқа шуд, Раҳмат Ортиқов дар вазни 54 кило ҷои дуюмро ишғол кард ва медали нуқраро ба даст овард, Ислом Каримов ва Умед Бафоев, ҳар ду паҳлавоннавраси тоҷик, дар вазни 50 килограммӣ сазовори ду ҷои сеюм шуданд.
XS
SM
MD
LG