Пайвандҳои дастрасӣ

Таъхир дар интиқоли S-300 Русия ба Эрон


Як мақоми расмии Русия мегӯяд, интиқоли системи мушаки дифоъӣ ба Эрон бинобар мушкилоти фаннӣ ба таъхир афтодааст. Александр Фомин – муовини Хадамоти ҳамкориҳои низомӣ ва фаннии Русия, ба хабаргузории “Интерфакс” гуфтааст, интиқоли системи дифоъи мушакии пешрафта замоне сурат хоҳад гирифт, ки “он мушкилот ҳал шавад”. Системаи мушакии Эс – 300 қодир ба маҳви мушак дар дурии то 150 километр аст. Қарордоди фурӯши ин система ба Эрон соли 2007 имзо шудааст. Таъхири дар интиқоли он дар ҳолест, ки Русия аз сарпечии Эрон аз иҷрои талабҳои ҷомеаи байналмилал дар мавриди барномаҳои атомиаш маъюс шудааст.
XS
SM
MD
LG