Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи бесарусадои парлумонӣ


Дар ҳоле, ки то интихоботи парлумонии Тоҷикистон каме беш аз як ҳафта боқӣ мондааст, бисёре аз сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, номзадҳои ҳавзаҳои худро намешиносанд.

Ризомуҳаммад, як сокини шаҳри Душанбе, ки ба синни 60 расида, шоҳиди воқеоти ду қарн аст, мегӯяд, ки дар интихоботи қарибулвуқӯи парлумонӣ ширкат ва ба тарафдории яке аз номзадҳо раъй хоҳад дод. Вай дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба сар мебарад. Аммо ба саволи мо дар ин бора, ки аҳли хонаводаи ӯ ба ин интихобот бо чӣ назаре нигоҳ мекунанд, гуфт, ӯ ба ҷои онҳо низ раъй медиҳад. Мисле ки дар гузашта ба ҷои падару модар ва ҳамсараш раъй додааст.

“Як кас барои ҳама, ҳама барои як кас”. Мақоли маъруфи даврони шӯравист, ки зоҳиран имрӯз ба кор намеояд. Мақомоти кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон низ бо нашри китобҳои хурд мехоҳанд ба сокинон фаҳмонанд, ки ҳар кас соҳиби як раъй аст ва нафари дигаре наметавонад ба ҷои каси дигар овоз диҳад. Ин дар ҳолест, ки раъйдиҳии як нафар ба ҷойи чанд нафар аз камбудҳои аслиест, ки нозирони байнулмилалӣ борҳо дар гузоришҳои худ дар ин бора ба мақомоти расмӣ гӯшзад кардаанд.

ТАБЛИҒОТИ НОЧИЗ

Аммо Ризомуҳаммад мегӯяд, аҳзоб ва афроди худпешбарӣ аз ҳавзаҳои инфиродӣ то ҳанӯз натавонистаанд, ки худро ба таври бояду шояд барои сокинон муаррифӣ кунанд, то интихоб барои мардум низ осон шавад. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, сокинон дақиқ намедонанд, ки номзадҳояшон кисту чӣ кор ва барои чӣ бояд ба ӯ овоз диҳанд. Ризомуҳаммад гуфт, чунин бархӯрд бо интихобкунандагон дили онҳоро аз интихобу интихобот дилсард кардааст ва онҳо фақат барои расмият овоз медиҳанд.

Мо ки аз хиёбонҳои Душанбе дидан мекардем, аксҳои бузурги номзадҳо ба вакилии Маҷлиси Намояндагон ва шӯроҳои маҳаллиро кам дидем. Танҳо дар баъзе ҷойҳо, аз ҷумла дар назди фурӯшгоҳҳову сутуни биноҳо ва симчӯбҳои кучаву хиёбонҳо акси хурди баъзе аз номзадҳо ва барномаҳояшонро дар варақҳои сафед чоп карда часпонидаанд. Ин варақаҳои таблиғотӣ зоҳиран шабеҳи варақаҳое ҳастанд, ки қаблан низ онро дар кӯчаҳои Душанбе дидан мумкин буд, аз қабили эълон дар бораи консертҳо, ҷойи кор, манзил барои фурӯш ё фарде, ки мавриди ҷустуҷӯ карор дорад.

Ин нуктаро Иршоди Интиқод, як сокини дигари Душанбе низ сарфи назар накард. Вай мегӯяд, ҳизбҳову номзадҳо то ҳанӯз роҳи муассири ҷалби сокинон барои ширкат дар интихоботро наёфтаанд.

МУШКИЛИ ПУЛӢ

Аммо аҳзоб мегӯянд, заъфи молӣ имкон намедиҳад, ки онҳо бо шиорҳои баландовозаю варақаҳои таблиғотии бузург худу номзадҳояшонро намоиш ва ҳамин тавр таблиғ кунанд. Исмоил Талбаков, муовини раҳбари ҳизби комунист, ки ҳоло тибқи рӯйхати ҳизбӣ нӯҳ нафарро вориди сабқати интихоботӣ кардааст, мегӯяд, ҳизби онҳо барои ҳар кадом номзадҳои худ панҷ ҳазор сомонӣ, каме бештар аз ҳазор доллари амрикоӣ тахсис додааст, ки он барои чопи варақаҳову навъҳои дигари таблиғ бояд масраф шавад.

Оқои Талбаков василаи хуби шиносоии интихобкунандагон бо номзадҳоро телевизион медонад. Аммо мегӯяд, онҳо ба телевизионҳои давлатӣ ба ҷуз он фурсате, ки кумисюни марказии интихобот дар ихтиёрашон гузоштааст, дастрасӣ надоранд.

Бо ин ҳол, корзори инихоботӣ дар Тоҷикистон бештар аз як ҳафтаи дигар идома хоҳад дошт. Аммо ҳанӯз ҳам Ризомуҳаммад ва ҳам қисмати дигари сокинон ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба унвони як бозӣ менигаранд. Бозие, ки дар он гурӯҳе баранда мешаванду то панҷ соли дигар онҳоро фаромӯш ва мӯҳри хомӯшӣ ба лаб мезананд.
XS
SM
MD
LG