Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комисcиюни ҳавзаӣ номзадии Халифаевро бекор кард


Комиссияи интихоботии ҳавзаи рақами 21-и шаҳри Панҷакент қарор дар бораи сабти номи номзад ба вакилии парлумон Матлуб Халифаевро лағв кардааст.

Маҳбуба Норова, муовини раиси додгоҳи шаҳри Панҷакент, дар як сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, ҳангоми баррасии асноди пешниҳодкардаи комисиюни ҳавзаи интихоботӣ муаян гардидааст, ки аз ҷониби номзад Матлуб Халифаев баъзе муқарароти моддаи 9-и Қонуни интихоботи Тоҷикистон нақз шудааст.

Ӯ афзуд, тибқи қонуни мазкур, номзад ва ё ҳизби сиёсӣ бояд дар корзори интихоботӣ танҳо аз маблағҳои хазинаи номзадӣ истифода кунад. Агар номзад дигар маблағро ба истиснои ҳазинаи интихоботӣ истифода барад, комиссиюн метавонад номзадии ӯро бекор кунад. Ба гуфтаи хонум Норова, чунин қонуншиканӣ аз сӯи номзад Матлуб Халифаев сурат гирифтааст.

Матлуб Халифаев ин қарори комисиюни ҳавзаиро ноодилона унвон карда ва ба додгоҳи шаҳри Панҷакент шикоят бурдааст. Аммо додгоҳ ин шикояти Халифаевро рад намуда, қарори комиссиюни ҳавзаиро бетағйир мондааст.

Намояндагони ситоди таблиғотии Матлуб Халифаев қарори ҳавзаро хилофи қонун медонанд. Бозор Собир, як узви ситоди мазкур, гуфт, ин иқдом як навъ фишороварӣ ба номзадҳои инфиродӣ дар интихобот ва аз сабқат дур кардани онҳост аст.

Дар ҳоли ҳозир баҳси ин қазия давом дорад. Аз раиси комисиюни ҳавзавии рақами 21 Шоҳмурод Холов хостем ба ин масъала равшанӣ андозад, аммо ӯ бо таъкиди ин ки баҳси мазкур ба аҷном нарасидааст, аз шарҳи қазия худдорӣ кард.

Дар ҳавзаи 21-и Панҷакент 4 нафар номзад номнавис шуда буд, вале феълан ду нафар боқӣ мондаанд. Номзади 3-м Бозоров Муқимҷон аз ҲХДТ қаблан аз идомаи сабқат даст кашида буд.
XS
SM
MD
LG