Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъйиди расмии боздошти Мулло Бародар


Артиши Покистон имрӯз таъйид кард, ки Мулло Абдулғанӣ Бародар – фармондеҳи олирутбаи Толибон, боздошт шудааст. Баёнияи Азҳар Аббос – сухангӯи артиши Покистон, дар ин маврид, аввалин таъйиди расмии боздошти Мулло Бародар аст, ки дар Покистон нигаҳ дошта мешавад. Азҳар Аббос бо зикри далоили амниятӣ, ҷузъиёти боздошти фармондеҳи Толибонро ошкор накардааст. Мулло Бародар – муовини аввали Мулло Умар – раҳбари ҳаракати Толибон ва аз афроди муҳимтарини ин ҷунбиш маҳсуб мешавад, ки баъди оғози ҷанг ба зидди онҳо дар соли 2001 дастгир шудааст.
XS
SM
MD
LG