Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъйини ҳайъати нозирони интихоботи Тоҷикистон


Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо Пиа Кристмас Мюллер - муовини раиси Шӯрои Порлумонии ин созмонро, ҳамоҳангсози вижаи назорат бар интихоботи порлумонии Тоҷикистон таъйин кард. Фармон дар ин мавридро Қанот Саудабаев – вазири умури хориҷаи Қазоқистон – раҳбари давраии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо рӯзи сешанбе имзо намуд. Бино ба иттилоъи расмӣ, Пиа Кристмас-Мюллер – ҳамчунин ҳайъати нозирони интихоботии Шӯрои Порлумонии Аврупо дар Тоҷикистонро раҳбарӣ хоҳад кард. Дипломати собиқадори даниягӣ баъди таъйин ба ин мақом гуфтааст, “ҷараёнҳои демократӣ барои шукуфоии Тоҷикистон ҳаётист ва ман интихоботи ояндаро фурсате барои рушди кишвар медонам.” Пиа Кристмас Мюллер рӯзи якуми март, арзёбиҳои муқаддамотии нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз натиҷаҳои интихоботи порлумонии 28 февралро эълом хоҳад кард. Бештар аз 200 нозирони ин созмон барои назорати ин корзори муҳими сиёсӣ ба Тоҷикистон сафарбар мешаванд.
XS
SM
MD
LG