Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби коммунист раиси ҳавзаро ба додгоҳ кашид


Раҳбари Ҳизби коммунист дар минтақаи Кӯлоб раиси ҳавзаи интихоботии рақами 37-и шаҳри Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмоновро бо иттиҳоми «таҳқири шахсият ва Ҳизби коммунист» ба додгоҳ кашидааст.

Шариф Сафаров, раиси ҳизби комунистӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, раиси ҳавза 9-уми феврали соли равон ҳангоми вохӯрии аҳзоби сиёсии кишвар бо мардум ба унвонии ӯ ва ҳизби комунист таҳқир раво дидааст.

Ба гуфтаи ӯ, қабл аз вохӯрии мазкур бо ҳавзаи интихоботӣ мувофиқа шуда буд, ки бо сабабҳои узрнок Шодӣ Шабдолов, раиси ҳизби комунистии Тоҷикистон, дар ин мулоқот наметавонад ширкат кунад, аз ин хотир намояндаи ин ҳизб дар минтақа метавонад, аз номи ӯ суханронӣ кунад.

Аммо ҷаноби Сафаров мегӯяд, раиси комиссияи ҳавзавӣ на танҳо ба ӯ сухан надод, балки ҳангоми суханронӣ номи ҳизби онҳоро дар қатори аҳзоби дигар ба забон нагирифт. Болои ин ҳангоми муроҷиат барои суханронӣ ҳизби комунистро дар симои ӯ таҳқир кардааст.

Вай дар бастагӣ ба мавзӯъ афзуд, ”ин рафтори раиси комиссияи ҳавзавиро ман бевиҷдонӣ дар дараҷаи олӣ ҳисоб мекунам. Мақсади ба суд додани онҳо аз ин иборат аст, ки бояд вай ҳис кунад, ки қонун аст, соли 92 дигар нест ва аз боло президент ба шафофият гузаштани интихобот кафолат додааст.”

Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Раҳмонов, раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Кӯлоб-37, иддаои ҷониби ҳизби комунистро бепоя мехонад. Ҷаноби Раҳмонов мегӯяд, дар ин нишаст аслан бояд раҳбарони аввали аҳзоби сиёсии кишвар бо интихобкунандагон сӯҳбат мекарданд. Аммо онҳо аз рӯи эҳтиром дар поёни нишаст дар ҳузури 500 нафар ду маротиба раиси минтақавии ҳизби комунистро барои сӯҳбат даъват карданд, вале ӯ барои сухан гуфтан ба минбар набаромадааст.

Вай гуфт, “ду маротиба ӯро ба сухан гуфтан даъват кардем. Пеш аз маҷлис танҳо ӯ даҳони гуфта буда, ки Шодӣ Шабдолов дар роҳ аст ва шояд дер кунад, аз ин рӯ бояд ба ӯ сухан диҳем. Боқӣ ӯро ман қариб, ки надидаам.”

Аммо Шариф Сафаров, раиси ҳизби комунист дар минтақаи Кӯлоб, мегӯяд, дар поёни маҷлис замоне исмашро гирифтаанд, ки ӯ бо нишони эътироз он ҷоро тарк гуфта буд.

Вай афзуд, “онҳо вақте номи маро гирифтанд, ки ман ҳангоми ба берун баромадан ба Болтуев муроҷиат кардам ва фикр мекунам, ки ӯ тариқи телефон онҳоро аз ин огоҳ кардааст ва баъди ин онҳо номи маро гирифтаанд.”

Дар интихоботҳои қаблӣ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Кӯлоб борҳо баҳсҳои додгоҳӣ дошт, аммо Ҳизби комунист дар ин минтақа барои аввалин бор аст, ки ба додгоҳ шикоят мебарад.
XS
SM
MD
LG