Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Медалҳои гуштигирони тоҷик аз Женева ва Бишкек


Tajikistan - Championship of Tajikistan on sambo. (Unarmed combat). A moment of combat between two sportsmen. Dushanbe, 09Dec2007

Tajikistan - Championship of Tajikistan on sambo. (Unarmed combat). A moment of combat between two sportsmen. Dushanbe, 09Dec2007

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба гуштии самбо дар шаҳри Женеваи Швейтсария 6 медал ба даст овардаанд.

Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, ин мусобиқаи байнулмилалӣ барои бори панҷум баргузор шуд.

Ба иттилоъи Маҳмуди Абдуллоҳ дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ гуштигирони тоҷик Аъзам Хокиров дар вазни то 74 кг ва Зуҳуршоҳ Нурмуҳаммадов дар вазни то 90 кг дар навъи самбои ҷангӣ бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд. Фирӯз Сангинов дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни то 82 кг медали нуқра ва дар сабқати самбои ҷангӣ медали биринҷӣ гирифт. Ануш Зафарзода низ соҳиби ду медал шуд. Вай дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни то 62 кг бо медали нуқра ва дар сабқати самбои ҷангӣ бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Маҳмуди Абдуллоҳ, инчунин, хабар дод, ки гуштигирони тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалӣ ба хотираи Виталий Гордеев, ҷанговари интернатсионалист, дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ду медал гирифтанд.

Сайёд Шайхов дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни то 74 кг медали тилло ба даст овард.

Баҳром Сатторов бошад, дар сабқати самбои ҷангӣ дар вазни то 82 кг бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG