Пайвандҳои дастрасӣ

Номзади ҲНИТ: "Мардум ба мо эътимод доранд"


Мирзомуҳаммадӣ Мирзоҳодиев, номзад аз ҲНИТ дар ҳавзаи Синои пойтахт

Мирзомуҳаммадӣ Мирзоҳодиев, номзад аз ҲНИТ дар ҳавзаи Синои пойтахт

Номзади ҲНИТ дар ҳавзаи ноҳияи Синои пойтахт Мирзомуҳаммадӣ Мирзоҳодиев дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар бораи раванди корзори интихоботӣ ва барномаи худ нақл кард.

Суол: -Ҳоло ҷараёни таблиғоти интихоботӣ идома дорал ва номзадҳо бо интихобкунандагон мулоқотҳо доир мекунанд. Бигӯед, ки маъракаи таблиғи интихоботии Шумо чӣ гуна ҷараён дорад?

Мирзомуҳаммадӣ Мирзоҳодиев: -Ҳавзае, ки аз он ман номзадии худро пешбарӣ кардаам, ҳавзаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аст. Мо панҷ нафар довталаб ҳастем, ки дар ин ҳавза ба рақобат пардохтаем. Боиси дилгармист, ки мо дар ҷумҳурӣ аз аввалинҳо шуда таблиғотро шурӯъ намудем, яъне аз 21-уми январ ва то ҳоло идома дода истодаем, албатта ба қадри имкону шароите, ки имрӯз бароямон муҳайёст. То ин дам чандин маротиба бо интихобкунандагон дидору мулоқотҳо доштем. Баҳсу мунозираҳои хубу созандае бо онҳо сурат мегирад.

Суол: -Огаҳии интихобкунанда аз шахси Шумо ва ҳизбе, ки аз он намояндагӣ мекунед, то кадом андоза рӯшан аст?

Мирзомуҳаммадӣ Мирзоҳодиев: -Банда бо қалам ва сухан сару кор дорам. Мардуми Тоҷикистон, хусусан сокинони пойтахт, маро хуб медонанд, чун танҳо дар давоми соли гузашта 15-20 маротиба аз телевизион сӯҳбатҳо доштам ва он қишри ҷомеа, ки бо илму фарҳангу сиёсату иҷтимоъ машғуланд, бештар аз шахсияти ман огоҳӣ доранд ва ҳамчунин тавассути китобҳо ва мақолаҳои ба нашр расонидаам ошноӣ доранд. Мавриди зикр аст, ки ман дар интихоботи соли 2005 номзад ба вакилӣ аз ҳавзаи Рашт будам. Он вақт ҳам таблиғот мебурдем. Огаҳии мардум нибат ба ҲНИТ комил аст ва ҳатто дар доираҳои расмӣ, вақте тариқи телевизион ва радио эълонҳо дар бораи интихобот ва аҳзоб нашр мешаванд, баъд аз ҲХДТ дар зинаи дуюм аз нигоҳи шӯҳрат ва шинохт ва амал ҲНИТ қарор дорад.

Суол: -Интихобкунандаҳо бештар рӯи кадом масъалаҳо бо Шумо саволу ҷавоб мекунанд ё саволе медиҳанд, ки мавриди баҳс қарор мегирад?

Мирзомуҳаммадӣ Мирзоҳодиев: -Чун дар ҷумҳуриамон ҳизбе, ки хусусияти динӣ дорад ва аз арзишҳои диниву исломӣ дифоъ мекунад, ягона аст, бино бар ин бештар бо мо сӯҳбату баҳсҳо мекунанд. Агар мушоҳида карда бошед, дар рӯзномаҳои ҳафтаи қаблӣ низ оварда шуда аст, ки ҳамаи саволҳоро дар ҳавзаи рақами чор ба намояндаи ҲНИТ медиҳанд ва ҳатто дар бораи мушкилоте, ки давлат ва ҳукумат бояд болои онҳо фикр бикунад. Мардум ба мо эътимод доранд ва ояндаи рӯшанеро дар симои мо мебинанд. Баъзан ба ин маънӣ низ аз мо мепурсанд, ки оё барои ислом ҳизб лозим аст? Ва боз мепурсанд, ки агар оянда сари қудрат биёед, чӣ кор мекунед? Мо ҷавоби ин саволҳоро медиҳем. Мо ки дар доираи қонун амал мекунем ва он гуна ки дар моддаи аввали Сарқонун давлати мо давлати дунявӣ, демократӣ ва иҷтимоӣ унвон гирифтааст, бо шарҳу тафсирҳои мантиқӣ ба мардум мефаҳмонем. Бале агар ки мардумсолорӣ қонунӣ бошад, агар идораи давлат аз ҷониби мардум сурат мегирифта бошад, пас инро мо қабул дорем. Бо ҳамин шакл бо мардум сӯҳбат мекунем. Ва ин, ки ислом ба ҳизб ниёз дорад ё на, мо дар ҷавоб мегӯем, ки бале, ислом ба ҳизб ниёз надорад, вале мо мусулмонҳо ҳастем, ки ба ҳизб ниёз дорем. Мо арзишҳои моддиву маънавӣ ва ҳуқуқии худро тавассути ин таълимоти фарогир мехоҳем ба мардум дар асоси қонун ироа кунем. Мо мебинем, ки як бими дуруғин дар зеҳнияти мардум аст, вале зиёда аз 90 фоизи мардуми мо дар асоси фармоишоти дин зиндагӣ доранд.

Суол: -Бархӯрд ва муносибати масъулони интихоботӣ бо Шумо чӣ гуна аст?

Мирзомуҳаммадӣ Мирзоҳодиев: -Наметавонам бигӯям, ки бархӯрд ва ё муносибати ҳамаи масъулони интихоботӣ яксон бошад. Шахсиятҳои бофарҳанге ҳастанд ба мисли раиси ҳавзае, ки онҷо номзадиамро пешниҳод кардам. Мо аз он шахс то ҳозир коре, ки мухолифи қонун бошад ва ё рафторе, ки дурушт бошад, мушоҳида накардаем, балки изҳори ташаккур низ дорем. Аммо дар вуҷуд ва симои баъзе ашхос, ки ҳам дар ҳавзаҳо ҳастанд ва ҳам дар қитъаҳои интихоботӣ мо ошкоро ғаразро мебинем. Аҳли фаросат ҳастем дигар, чун як нафар, ки ба сиёсат сарукор дорад, дарки амиқ аз инсонҳо ва шинохти онҳоро дошта бошад. Онҳо бо ҳар восита, бо нигоҳи худ, бо он корсозиҳое, ки дар нишастҳо анҷом медиҳанд, шояд бо супориш сурат мегирад. Чун ин одат аз қабл омадааст. Ман барои худ иҷоза намедиҳам, ки исми онҳоро ин ҷо биоварам. Вале мо мушоҳида мекунем ва баъзан арзу шикоёти худро то ба КМИР низ расонидаем.

Суол: -Худи Шумо имкон ё шанси пирӯзии худро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Мирзомуҳаммадӣ Мирзоҳодиев: -Як нафаре, ки дар майдони муборизоти сиёсӣ дохил мешавад, албатта бояд аз худ савол кунад, ки оё ман нерӯи зеҳнӣ, фикрӣ, илмӣ, ихтисосӣ ва ҷаҳобиние дорам, ки ба ин ниҳоди бонуфуз шомил бишавам ва барои мардум коре назаррас карда метавонам? Ман ин гуна саволҳоро панҷ сол пеш ба худ дода будам, чун он вақт низ дар интихобот ширкат варзидам. Ва ман итминони комил дорам, бо он фаросат ва тахассусе, ки дар соҳаи сухану суханвариву журналистика ва таҷрибаи кор дар ниҳодҳои давалатӣ дорам, пирӯз хоҳам шуд ва ҳеҷ зафъу дилмондагӣ надорам ва то охир хоҳам рафт.

Суол: -Дар ҳавзаи Синои шаҳри Душанбе интихобот дар даври аввал хатм мешавад ва ё ба даври дуввум кашида хоҳад шуд?

Мирзомуҳаммадӣ Мирзоҳодиев: -Мо панҷ нафар ҳастем. Як нафар аз ҲСДТ - раиси ин ҳизб, ду каси дигар ба тариқи худпешбарӣ, як нафар аз ҲХДТ ва банда аз ҲНИТ. Мардуми интихобкунанда ҳам ҳис карданд, ки дар асл мо ин ҷо се нафар ширкат дорем. Эҳтимол дорад, ки дар даври аввал ягон нафар пирӯз набошад. Вале агар интихобот ба мисли солҳои пешина гузарад, дигар наметавон онро интихобот номид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG