Пайвандҳои дастрасӣ

Пас аз чаҳор рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XXI зимистонаи олимпӣ дар Ванкувери Канада намояндагони 20 кишвар медалҳои олимпӣ ба даст овардаанд.

Олмон бо касби 9 медал - се нишони тилло, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷойи аввал мебошад. Кореяи Ҷанубӣ бо касби 4 медал – 3 тилло ва 1 нуқра дар ҷои дуввум аст. Швейтсария, ки 3 медали тилло ва 1 биринҷӣ гирифтааст, дар ҷои саввум қарор дорад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 8 медал – 2 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ ҷойи чаҳорум ва Канада бо 5 медал – 2 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ҷои панҷумро касб кардаанд.

Дар маҷмӯъ, то ҳоло варзишгарони 11 кишвари олам ба унвони қаҳрамони Олимпиадаи Ванкувер даст ёфтаанд: 6. Фаронса (2 тилло, 1 нуқра, 4 биринҷӣ). 7. Шветсия (2 тилло). 8. Чин (1 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ). 9. Словакия (1 тилло ва 1 нуқра). 10. Ҷумҳурии Чех (1 тилло ва 1 биринҷӣ). 11. Нидерланд (1 тилло).

Аз собиқ кишварҳои шӯравӣ Эстония 1 медали нуқра ва Русия 1 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.

Ёдовар мешавем, ки Андрей Дригин, ягона намояндаи Тоҷикистон дар Олимпиадаи Ванкувер, дар сабқати лижаронии кӯҳӣ, дар навъи фуруд аз нишебӣ, миёни 64 нафар дар ҷойи 59-ум қарор гирифт. Вай боз дар се навъи рақобатҳои лижаронии кӯҳӣ ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Андрей Дригин 19-уми феврал дар сабқати супергигант ширкат меварзад.
XS
SM
MD
LG