Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳои ИМА, Фаронса ва Русия аз иқдоми Теҳрон


Нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Бушаҳри Эрон
Нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Бушаҳри Эрон

Давлатҳои Амрико, Фаронса ва Русия дар як номаи муштарак ба Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ аз тасмими ахири Эрон барои ғанисозии ураниюм дар дохили ин кишвар изҳори нигаронӣ кардаанд.

Дар ин нома омадааст, ки иқдоми мақомоти Теҳрон барои то 20 дарсад ғанӣ сохтани ураниюм қобили қабул нест ва шубҳаву нигарониҳо дар мавриди талошҳои ин кишвар ҷиҳати тавлиди силоҳи ҳастаиро меафзояд.

Ҳамзамон бо ирсоли ин нома сухангӯи Кохи сафеди Амрико Роберт Гибс гуфтааст, агар давлати Эрон иқдоми худро тағйир надиҳад, бояд интизори пайомадҳои нохуши тасмими худ бошад. Ин мақоми амрикоӣ имкони иқдоми низомӣ барои ҳалли масъалаи ҳастаии Эронро рад накардааст.

Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон, ки бо як сафари расмӣ дар Арабистони Саудӣ ба сар мебарад, низ гуфтааст, роҳ надодан ба ин ки Теҳрон соҳиби силоҳи ҳастаӣ шавад, масъулияти муштараки ҳама ҳамсоякишварҳои Эрон аст.

Клинтон афзуд, талоши Эрон барои даст ёфтан ба силоҳи ҳастаӣ сабқати кишварҳо барои соҳиб шудан ба чунин таслиҳотро аланга хоҳад дод.

Амрико феълан дар пайи дарёфти пуштибонии бештар аз пешниҳоди эъмоли таҳримоти шадидтар алайҳи Эрон аст ва яке аз ҳадафҳои силсиласафари хонум Клинтон ба кишварҳои арабӣ низ ҳамин гуфта мешавад.

Аммо раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфтааст, ки Теҳрон таҳримоти нави байналмилалиро бидуни посух нахоҳад гузошт ва кишварҳое, ки аз чунин таҳримот кор мегиранд, аз ин амали худ дар ниҳоят сахт пушаймон хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG