Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони 12 узви Ҳизби Таҳрир дар Душанбе


Додгоҳи шаҳри Душанбе 12 нафарро бо ҷурми узвият дар ҳизби манъшудаи Таҳрир ба мӯҳлати аз 3 то 14 сол маҳкум ба зиндон кардааст. Сомонаи интернетии Бӣ Бӣ Сӣ менависад, дар миёни маҳкумшудагон ду шаҳрванди Узбакистон ва як хонандаи мактаби миёна низ будааст, ки барои 3 сол равонаи зиндон шуд. Ин афрод дар тирамоҳи соли гузашта дар Душанбе ва навоҳии атрофи пойтахти Тоҷикистон боздошт шуда, ба навиштаи Бӣ Бӣ Сӣ, 6 тани онҳо инак маротибаи дуввум аст, ки бо ҷурми ҳамкорӣ бо Ҳизб-ут-Таҳрир маҳкум мешаванд.
XS
SM
MD
LG