Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тутонхомун аз табларза вафот кардааст


Донишмандон мегӯянд, фиръавни Мисри қадим Тутонхомун, ки аҳромаш бо шукӯҳу шаҳомати беназире фарқ мекунад, аз ноҳияи пояш мелангид ва ғолибан бар асари табларза вафот кардааст. Озмоиши мумиёҳои 16 фиръавн дар чори онҳо, аз ҷумла дар мумиёи Тутонхомун, нишонаҳои чандин навъи табларзаро кашф кард. Ин кашфиёти донишмандон аз саросари ҷаҳон, бо шумули Заҳӣ Ҳаввос, пажӯҳишгари Шӯрои олии ёдгориҳои бостонии Миср, фарзияҳои қаблӣ пиромуни дар натиҷаи сӯъиқасд ваё аз ягон бемории дигар даргузаштани ин фиръавнро ботил мекунад.
Тутонхомун дар асри 14 то милод дар синни 19 аз олам чашм пӯшид ва мумиёи ӯро соли 1922 кашф карданд.
XS
SM
MD
LG